Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Якҷо кардани нияти рӯзаи айёму-л-бийз ва рӯзаи шаш рӯзи Шаввол

30-05-2020

Савол 4015

Агар касе айёму-л-бийз (сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳ)-ро бо ҳамроҳи рӯзаи шаш рӯзи Шаввол бо як ният анҷом бидиҳад, фазилати ҳардуро ба даст хоҳад овард?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз шайхамон, Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин масъаларо пурсидам. Дар ҷавоб гуфт, ки умед аст, ки ӯ ин савобро ба даст оварад, зеро метавонем бигӯем, ки ӯ шаш рӯзи Шавволро рӯза гирифтааст ва инчунин метавонем бигӯем, ки ӯ айёму-л-бийз (сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳ)-ро рӯза гирифтааст ва фазли Аллоҳ васеъ аст.

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин оиди ҳамин масъала ба ман чунин посух дод:

Бале, агар шаш рӯзи Шавволро рӯза бигирад, рӯзаи айёму-л-бийз (сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳ) аз ӯ соқит мешавад, хоҳ онро дар айёму-л-бийз (сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳум) рӯза бигирад, ё пеш ё пас аз он, зеро метавонем бигӯем, ки ӯ се рӯз аз моҳ рӯза гирифтааст. Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармудааст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар моҳ се рӯз рӯза мегирифт ва барояш муҳим набуд, ки ин се рӯз дар аввал ё мобайн ё охири моҳ бошад". Ин монанди соқит шудани намози таҳияи масҷид бо намози суннати ротиба аст. Бинобар ин агар касе ба масҷид дохил шуда, суннати ротиба бихонад, намози таҳияи масҷид аз ӯ соқит мешавад... Аллоҳ донотар аст.

Рӯзаи нофила
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб