Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Агар инсон дар роҳ ғайримусулмонеро биёбад ва ӯ талаб намояд, ки ӯро ба мошинаш савор бикунад, ҳукмаш чист? Оё хӯрдани ғизое, ки дастони кофирон ба он расидааст, ҷоиз аст?
Агар дар роҳ ғайримусулмонеро ёфтед, ҳеҷ боке нест, ки ӯро ба мошинаи худ савор кунед, зеро Аллоҳ мефармояд:
لَا يَنْهَاكُمُ اللّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ
سورة الممتحنة: ٨
«Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад». (Сураи Мумтаҳана: 8).
Аммо хӯрдани ғизое, ки дастони кофирон ба он расидааст, ҷоиз мебошад, зеро наҷосати кофир маънавӣ аст, на ҳиссӣ.