Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Кадом китобҳоро ба занон тавсия медиҳед?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Барои талаби илм саъю кӯшиш намуданатонро ситоиш мекунем, зеро талаби илм яке аз бузургтарин амалҳост. Аллоҳ таъоло паёмбарашро ба бисёр талаб намудани чизе амр накардааст, ба ҷуз илм. Аллоҳ таъоло паёмбарашро амр намуда, мегӯяд:
وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْماً
سورة طـه: ١١٤
«Ва (эй паёмбар) бигӯ: Эй Парвардигорам! Ба илму донишам бияфзой». (Сураи Тоҳо: 114).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар касе дар роҳе биравад, ки дар он талаби илм кунад, Аллоҳ барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад. Ҳамоно фариштагон болҳои худро барои толибилм ба хотири ризояте, ки аз кораш доранд, мегузоранд. Тамоми касоне, ки дар осмонҳову заминанд ва ҳатто моҳиҳо дар даруни об барои олим омурзиш металабанд. Бартарии олим нисбат ба обид ба монанди бартарии моҳи шаби чаҳордаҳ ба дигар ситораҳост. Олимон ворисони паёмбаронанд. Паёмбарон динору дирҳамеро аз худ ирс нагузоштанд, танҳо чизе, ки аз худ ба ирс гузоштаанд, ин илм аст. Пас касе, ки онро ба даст оварад, баҳраи фаровоне бурдааст». Тирмизӣ (2682) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро саҳеҳ донистааст.
Шайх Албонӣ гуфтааст: "Саҳеҳ аст". Далелҳо бар фазилати илм беш аз он аст, ки шуморида шавад.
Дуввум:
Дар мавриди китобҳое, ки мо тавсия медиҳем, онҳо ба ду бахш тақсим мешаванд:
* Бахши аввал: Китобҳоест, ки ба ҳамаи мусулмонон тавсия мекунем. Он китобҳо фарҳанги шаръии комилеро ба вуҷуд меоваранд, аз ҷумла:
(1). "Минҳоҷу-л-муслим"-и Шайх Абубакр Ҷазоирӣ.
* Бахши дуввум: Китобҳое, ки махсусан ба мусулмонзан тавсия медиҳем, гарчанде ки барои мардон ҳам судманд бошад, аз ҷумла:
(1). "Танбиҳотун ъало аҳкомин тахтассу би-л-муъминот"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон.
Хотима:
Дар ин ҷо мо қаблан як қатор ҷавобҳои асосиеро пешниҳод карда будем, ки занонро дар ҷанбаҳои гуногуни динӣ роҳнамоӣ мекунанд, аз ҷумла ҷавобҳои саволҳои шумораи (70042) ва (2584), ба он ҷавобҳо руҷӯъ кунед.