Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё барои инсон ҷоиз аст, ки мӯи баданашро тарошад, зеро ӯ дар гармии шадид ва ё дар ҳангоми машқҳои варзишӣ арақ мекунад? Яъне тарошидани мӯи сина, пушт ва пойҳоро дар назар дорам.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Дар шариати Ислом мӯй ба се қисм тақсим мешавад:
Аввал:
Мӯйе, ки ба гузоштани он амр шудаем, ба монанди риши мард.
Дуввум:
Мӯйе, ки ба бартараф кардани он амр шудаем, ба монанди мӯйи зери бағал, зери ноф ва мӯйлабе, ки аз лаб дароз шуда бошад.
Саввум:
Мӯйҳое, ки дар бораи онҳо чизе гуфта нашудааст, ба монанди мӯйи дастҳо, пойҳо, сина ва пушт, ки бартарафсозии ин гуна мӯйҳо ҷоиз аст.
Аллоҳ донотар аст.