Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман ба яке аз бародарон шубҳа дорам, ки шояд ӯ ҷосус бошад. Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки маро ва баъзе бародаронро ба ин хулоса овардааст. Нишонаҳои тақво ва парҳезкорӣ дар ин бародар дида мешавад, бо вуҷуди ин бисёр ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки аз он фаҳмида мешавад, ки ӯ ҷосус аст.
Ростӣ, ман хеле ҳайронам. Оё бароям ҷоиз аст, ки касеро ба ҷосусӣ гумонбар кунам?
Дар чунин ҳолат ман бояд чӣ кор кунам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аслан мо бояд ба мусалмон гумони нек кунем, то он даме ки аз ӯ амалҳои шубҳаноке содир нашавад, ки бо воситаи он гумони бад истинбот карда шавад. Инро қароин ва шавоҳид меноманд. Агар ин чиз аз ӯ ҳосил шавад, эҳтиёткорӣ ва канорагирӣ аз ӯ ҳеҷ зараре надорад, зеро ӯ худро ба амалҳои аҳли шубҳа афкандааст.
Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.