Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё издивоҷ намудан бо духтари бегона беҳтар аст ва ё бо духтари хешованд?

07-09-2021

Савол 72263

Оё беҳтар аст, ки мусулмон бо духтаре, ки бо ӯ риштаи хешутаборӣ надорад, издивоҷ намояд ва ё беҳтар аст, ки бо яке аз хешовандонош издивоҷ кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Гурӯҳе аз донишмандон издивоҷи мардро бо духтари бегонае, ки байни онҳо риштаи хешутаборӣ вуҷуд надорад, мустаҳаб донистаанд ва барои ин якчанд сабабҳоро қайд кардаанд:

Аввал: Зиракӣ ва ҳушёрии фарзанд, яъне варзанд зебосифату пурқуваттар хоҳад шуд, зеро ӯ сифатони амакҳо ва ҳамчунин сифатони тағоҳояшро мегирад.

Дуввум: Кафолате нест, ки онҳо дар оянда аз ҳам ҷудо нахоҳанд шуд, ки ин боиси канда шудани робитаи хешутаборӣ мегардад.

Дар китоби "Ал-Инсоф" (8/16) омадааст: "Интихоб намудани зани диндор, таваллудкунанда, бокира (дӯшиза, духтари ба шавҳар набаромада), олинасаб ва бегона мустаҳаб аст". Поёни сухан.

Дар китоби "Матолибу ули-н-нуҳо" (5/9) омадааст: "Бегоназан беҳтар аст, зеро фарзандаш наҷибтару зирактар мешавад. Азбаски кафолати ҷудошавии онон дар оянда вуҷуд надорад, никоҳи хешутаборӣ боиси канда шудани робитаи хешовандӣ мегардад, ки мо ба барқорор намудани он, амр шудаем. Гуфта шудааст, ки аз бегоназанон фарзандони зирак ба дунё меояд, вале  духтарони амак босабртаранд". Поёни сухан.

Нававӣ дар китоби "Ал-Минҳоҷ" гуфтааст: "Интихоби зани диндор, дӯшиза, олинасаб, ки хеши наздик набошад, мустаҳаб аст".

Ҷалоли Ал-Маҳаллӣ дар шарҳи он гуфтааст: "(Хеши наздик набошад) яъне бегона бошад ва ё хеши дур бошад. . . Хеши дур аз бегона беҳтар аст". Поёни сухан аз китоби "Шарҳу-л-маҳаллӣ маъа ҳошияти қалюбӣ ва умайра" (3/208).

Шумо мебинед, дар ин масъала нассе (ояту ҳадисе) вуҷуд надорад, балки иҷтиҳоди донишмандон аст, ки онро бар асоси манфиатҳо бино кардаанд, ки он метавонад барои шахсе аз дигаре ва ҳамчунин барои хешованде аз хешованди дигаре фарқ кунад. Шояд мард қарор намояд, ки агар ӯ бо хешовандаш издивоҷ кунад, он духтарро муҳофизат карда ва хонаводаашро эҳтиром менамояд ва ё ин ки он духтар соҳибдину хушахлоқ аст.

Асос ин аст, ки чунин никоҳ раво мебошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш, ки духтари аммааш мебошад, издивоҷ кардааст. Духтари худ Зайнабро ба Абу-л-ос, ба занӣ додааст, ки ӯ писархолаи Зайнаб буд. Ҳамчунин Алиро бо Фотима хонадор кардааст, ки ӯ писарамаки падараш буд.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз зикри далели олимон оиди зирак ба дунё омадани фарзанд ва хавфи канда шудани иртиботи хешовандӣ, гуфтааст: "Суханони гуфтаашон дуруст аст, вале агар дар байни хешовандон духтаре вуҷуд дошта бошад, ки аз дигар ҷиҳатҳо (яъне дар дину насаб ва ҷамол) аз ӯ бартарӣ дорад, пас ин барояш беҳтар аст. Аммо агар дар ин сифатҳо баробар бошанд (яъне агар духтари хешованд ва духтари бегона дар дину насабу ҷамол яксон бошанд), пас дар ин ҳангом духтари бегона беҳтар аст.

Аз ҷумла, агар духтари амак соҳибдину хушахлоқ бошад ва ҳолати мард тангу имкониятҳояш маҳдуд ва ба меҳрубонию кӯмак ниёз дошта бошад, бешак дар ин издивоҷ манфиати бузурге аст. Инсон дар ин ҳол манфиатҳоро риоя мекунад. Дар ин масъала далели шаръие вуҷуд надорад, ки бояд бо он амал карда шавад. Аз ин рӯ, инсон ҳар нуқтаи назареро, ки манфиати бештар дорад, пайравӣ мекунад". Поёни сухан аз китоби "Шарҳу-л-мумтиъ" (5/123).

Донишмандони Кумитаи доимӣ никоҳи хешутаборӣ пурсида шуданд: Оё ин боиси таваллуд шудани кӯдакони маъюб мегардад?

Дар ҷавоб гуфтанд:

"Ягон ҳадиси саҳеҳе вуҷуд надорад, ки никоҳи хешутабориро манъ кунад. Маъюб шудани кӯдак бо қазову қадари Аллоҳ аст ва ба никоҳи хешутаборӣ ягон вобастагӣ надорад, чуноне ки ин мафҳуми хато дар байни мардум паҳн шудааст". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (13/18).

     Аллоҳ донотар аст.

Аҳкоми никоҳ Хостгорӣ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб