Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Намози идайн барои мунфарид (танҳогузор) дар хона

18-05-2020

Савол 96922

Оё ҷоиз аст, ки намози идро дар хона бихонам, зеро бо сабаби вазъи саломатиам ба масҷид рафта наметавонам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Намози идайн бар асоси саҳеҳтарин гуфтаҳои донишмандон, бар ҳар як марди қодиру тавоно фарзи айн аст. Чуноне ки ин масъала дар ҷавоби саволи рақами (48983) баён карда шудааст.

Агар шумо бо сабаби вазъи саломатии худ ба онҷо рафта натавонед, ҳеҷ чизе бар шумо воҷиб нест. Оё ба шумо машрӯъ аст, ки онро дар хона анҷом бидиҳед? Дар ин масъала байни фақеҳон ихтилоф вуҷуд дорад, аксарияти донишмандон бар хилофи ҳанафиён бар инанд, ки ин чиз машрӯъ аст.

Музанӣ аз Шофеӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Мухтасару-л-умм" (8/125) нақл кардааст: "Мунфарид (танҳогузор), мусофир, ғулом ва зан намози идайнро дар хонаи худ мехонанд." Поёни сухан.

Ал-Хурашӣ (моликӣ) гуфтааст: "Намози ид бо имом аз касе фавт гардад, мустаҳаб аст, ки онро бихонад. Аммо бояд онро бо ҷамоат ё бо танҳоӣ анҷом дод? Дар ин масъала ду дидгоҳ вуҷуд дорад". Поёни сухан бо ихтисор аз китоби "Шарҳу-л-хурашӣ" (2/104).

Ал-Мардовӣ дар китоби “Ал-Инсоф” (ҳанбалӣ) гуфтааст: “Агар аз ӯ намоз (яъне намози ид) фавт гардад, барояш мустаҳаб аст, ки қазои онро бо ҳамон тарз анҷом бидиҳад (яъне ҳамон тавре, ки имом он намозро мехонад).” Поёни сухан.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (ҳанбалӣ) гуфтааст: "Ӯ ихтиёр дорад. Агар бихоҳад, онро бо танҳоӣ мехонад ва агар бихоҳад, онро бо ҷамоат мехонад". Поёни сухан.

Дар китоби "Ад-Дурру-л-мухтор маъа ҳошияти Ибни Обидин" (2/175) (ҳанафӣ) омадааст: "Агар намоз бо имом фавт гардад, ба танҳоӣ намоз намегузорад". Поёни сухан.

Шайхул ислом Ибни Таймия дидгоҳи ҳанафиёнро ихтиёр кардааст ва онро Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) роҷеҳ донистааст, чуноне ки дар "Шарҳу-л-Мумтӣ" (5/156) зикр шудааст.

Дар фатвои кумитаи доимии фатво (8/306) омадааст: "Намози идайн фарзи кифоя аст. Агар гурӯҳе онро ба ҷой оваранд, гуноҳ аз бақия соқит мегардад.

Агар он (намози идайн) аз касе фавт гардад ва дӯст дорад, ки қазои онро анҷом бидиҳад, иҷрои он барои ӯ мустаҳаб аст ва онро ба ҳамон тарз, вале бидуни хутба анҷом медиҳад. Ин дидгоҳи Имом Молик, Шофеӣ, Аҳмад, Нахаӣ ва дигар донишмандон мебошад. Асос дар ин маврид, сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки фармудааст: "Ҳаргоҳ ба намоз омадед, бо оромишу виқор ба намоз биравед, шитоб накунед, ҳар миқдоре ки ба имом расидед, он миқдорро бо ӯ бихонед ва баъд аз саломи имом, боқимондаи намозатонро қазо кунед".

Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки агар намози ид бо имом аз ӯ фавт гардад, хонавода ва маволи (ғуломони озод карда шуда)-и худро ҷамъ менамуд, сипас Абдуллоҳ ибни Абуутба мавло (ғуломи озод карда шуда)-и ӯ аз ҷои худ бархоста, ба онҳо ду ракъат намоз мехонд ва дар он ду ракъат такбир мегуфт.

Касе, ки дар рӯзи ид (ба намози ид) ҳозир шавад, дар ҳоле ки имом хутба карда истода бошад, пас бояд ба хутба гӯш андозад ва баъд аз он, қазои намозро бихонад, то он ду манфиатро ба даст оварад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

   Аллоҳ донотар аст.

Намози идайн
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб