Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Мо як бемори гурда дорем ва (табибон) тасмим гирифтаанд, ки ӯ ба пайванди гурда ниёз дорад. Шахсе дар муқобили гурдааш панҷоҳ ҳазор риёл талаб кард. Оё ин кор ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Пайванд намудани гурда барои касе, ки ба он ниёз дорад, ҷоиз аст, агар гурда бо роҳи мубоҳ ба даст оварда шавад. Барои инсон ҷоиз нест, ки гурда ва ё узве аз аъзои баданашро бифурӯшад, зеро дар ҳаққи касе, ки шахси озодеро (ҳамчун ғулом) фурӯхта, пули онро мехӯрад, таҳдид омадааст ва фурӯхтани узви бадан ба он таҳдид дохил аст, зеро инсон бар бадан ва узвҳои худ моликият надорад. Барои он ки ин кор барои хариду фурӯши узвҳо василае нагардад, чунин ба назар мерасад. Ҳамчунин боиси таҷовуз ба мардуми заиф ва дуздидани гурдаҳои онҳо ба хотири пул нагардад".
"Ал-Мунтақо мин фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (3/62).