Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми шаҳодат додан дар қарзи рибавӣ

10235

Таърихи нашр : 10-08-2022

Мушоҳидаҳо : 1711

Савол

Амакам аз ман хоҳиш кард, ки дар яке аз бонкҳо барои гирифтани қарз бо ҳамроҳи ӯ шаҳодат бидиҳам. Дар ин қарз фоида (рибо) вуҷуд дорад. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки падарам ва амакам дар ин мол шариканд. Ман дар оғоз худро аз ин шаҳодат манъ кардам, вале мушкилоте ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, ман шаҳодат додам, дар ҳоле ки ман аз худ ва аз ин шаҳодат розӣ нестам. Ман аз кори кардаам пушаймон ва ғамгин ҳастам. Ман аз ин корам ҳамеша дар ҳайрат ҳастам. Лутфан ба ман машварат диҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шаҳодат додан (шоҳидӣ) дар шартномаи рибо ҳаром мебошад. Шумо бояд тавба кунед ва аз кори кардаи худ, яъне шаҳодат додан бар қарзи рибавӣ омурзиш бихоҳед.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто, рақами фатво: 13/298.