Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Зиндагиро бад дидааст ва маргро орзу мекунад

Савол

Ҳукми Шариат дар мавриди марде, ки ҳаёти дунёро бисёр сахт бад дидааст ва аз Аллоҳ дархост намудааст, ки агар марг барояш беҳтар бошад, ӯро бимиронад ва мунтазири марг аст, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои мусулмон ҷоиз нест, ки ҳаётро бад бинад ва аз фараҷу кушоиш ва хайре, ки дар назди Аллоҳ таъоло вуҷуд дорад, ноумед шавад. Бояд ӯ бар тақдирҳои Аллоҳ сабр кунад ва дар баробари мусибатҳое, ки ба ӯ мерасад, аз Аллоҳ таъоло аҷру савоб биталабад ва аз Аллоҳ таъоло бипурсад, то мусибатҳоро аз ӯ дур кунад ва ӯро кӯмак намояд ва дар баробари он чи ки бар ӯ муқаррар карда шудааст, ба ӯ подош бидиҳад. Ва бояд фараҷу кушоиши Аллоҳ таъолоро интизор шавад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَإِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا * إِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا

سورة الشرح: ٥-٦

«Пас, яқинан бо ҳар душворӣ осонӣ аст. Яқинан бо ҳар душворӣ осонӣ аст».   (Сураи Шарҳ: 5-6).

Барои мусулмон макруҳ аст, ки ба хотири зараре аз қабили беморӣ, тангии дунё ва дигар мусибатҳое, ки ба ӯ мерасад, орзуи марг кунад. Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳеҷ яке аз шумо ба сабаби зараре, ки ба ӯ мерасад, ҳаргиз орзуи марг накунад. Агар ғайри ин дигар чорае надошта бошад, бигӯяд: Эй Аллоҳ! То замоне, ки зиндагӣ барои ман беҳтар аст, маро зинда нигаҳ дор ва агар марг бароям беҳтар бошад, пас маро бимирон».

Дар ҳолати зикршуда дар ҳадис як навъ тафвиз (вогузор кардани кори худ ба Аллоҳ) ва таслим шудан ба ҳукми Аллоҳ аст. Ҳар мусибате, ки дар ин дунё ба мусулмон мерасад, барои ӯ каффорат аст, агар аҷру савоби онро аз Аллоҳ таъоло биталабад ва хашмгину нохушнуд нашавад. Ин қалбро аз ғафлат бедор мекунад ва дар оянда барои ӯ панд мебошад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдулазиз Оли Шайх .. Шайх Солеҳ Ал-Фавзон .. Шайх Бакр Абузайд.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (25/398).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб