Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Рӯза доштан дар кишварҳое, ки рӯзаш хеле кӯтоҳ ва ё хеле дароз аст

Савол

Дар баъзе минтақаҳои кишварҳои Скандинавия, вобаста ба вақти сол, рӯз аз шаб хеле дарозтар мешавад, ки шаб ҳамагӣ се соат тӯл мекашад, аммо рӯз бисту як соат мешавад. Агар моҳи Рамазон дар фасли зимистон фаро расад, мусулмонон ҳамагӣ се соат рӯза мегиранд. Аммо агар моҳи Рамазон дар фасли тобистон фаро расад, рӯза намегиранд, чунки ба хотири тӯлонӣ будани рӯз рӯза гирифта наметавонанд. Лутфан вақтҳои ифтору саҳарӣ ва муддати рӯза гирифтани моҳи Рамазонро мушаххас кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шариати Ислом комилу пурра ва шомилу фарогир аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلامَ دِينًا    (سورة المائدة: ٣).

«Имрӯз динатонро бароятон комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ҳамчун дин бароятон интихоб кардам».   (Сураи Моида: 3).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قُلْ أَيُّ شَيْءٍ أَكْبَرُ شَهَادَةً قُلِ اللهُ شَهِيدٌ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَذَا الْقُرْآنُ لِأُنْذِرَكُمْ بِهِ وَمَنْ بَلَغَ    (سورة الأنعام: ١٩)

 «Бигӯ: Гувоҳии чи касе бузургтар аст? Бигӯ: Аллоҳ миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон ба ман ваҳй шудааст, то бо он шумо ва ҳамаи касонеро, ки (ин Қуръон ба онон) мерасад, бим диҳам».

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا   (سورة سبأ: ٢٨).

«Мо туро ҷуз башоратдиҳанда ва бимдиҳанда барои ҳамаи мардум нафиристодаем».   (Сураи Сабо: 28).

Аллоҳ таъоло рӯзаро ба мӯъминон фарз намуда, ба онҳо хитоб карда, мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ    (سورة البقرة: ١٨٣).

«Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед».   (Сураи Бақара: 183).

Аллоҳ таъоло оғозу поёни рӯзаро баён намуда, мефармояд:

 وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ     (سورة البقرة: ١٨٧).

«Ва бихӯреду бинӯшед, то риштаи сафеди субҳ аз риштаи сиёҳи шаб бароятон ошкор шавад. Сипас рӯзаро то шаб ба поён бирасонед».   (Сураи Бақара: 187).

Ин ҳукм махсус ба кишваре ва ё махсус ба як намуд мардумон намебошад, балки барои тамоми мардум аст ва ҳамчунин мардуме, ки оиди онҳо пурсидед, ба ин умум дохиланд. Аллоҳ таъоло ба бандагони худ меҳрубон аст, роҳҳои сабукиву осониро ба онҳо машрӯъ кардааст, то ононро ба анҷом додани амалҳои воҷиб кӯмак кунад. Масалан барои мусофиру бемор ба хотири бартараф намудани машаққат, хӯрданро дар моҳи Рамазон иҷоза дод.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ    (سورة البقرة: ١٨٥).

«Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки ҳидоят барои мардум ва далоили ошкоре аз ҳидоят ва ҷудокунанда (-и ҳақу ботил) аст. Пас ҳар касе аз шумо ин моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза бигирад ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Аллоҳ барои шумо осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад».   (Сураи Бақара: 185).

Ҳар мукаллафе, ки Рамазонро дарёбад, воҷиб аст, ки рӯза бигирад, хоҳ рӯз дароз бошад ё кӯтоҳ. Агар аз комил намудани рӯзаи як рӯз оҷиз шавад (яъне рӯзаашро аз субҳ то шаб ба итмом расонида натавонад) ва аз марг ё беморӣ хавф дошта бошад, дар ин ҳолат, ба ӯ иҷозат дода мешавад, ки ба андозае хӯрок бихӯрад, то рамақ (қувваи охирин)-и ӯро аз ҳалокат нигоҳ дорад ва зарарро аз ӯ бартараф намояд. Сипас дар боқимондаи он рӯз аз хӯрдану нӯшидан даст бикашад ва қазои рӯзаи рӯзҳое, ки хӯрда буд, дар рӯзҳои дигар, ки дар он вақт тавони рӯза доштан пайдо кунад, анҷом бидиҳад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (10/114).