Чоршанбе 26 Ҷумода-л-уло 1446 - 27 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдани гӯшти хачир чист?

209482

Таърихи нашр : 31-10-2020

Мушоҳидаҳо : 1891

Савол

Оё хӯрдани гӯшти ҳайвоне, ки дар натиҷаи алоқаи ҷинсии ҳайвони наринае, ки хӯрдани он ҷоиз аст ва ҳайвони модинае, ки хӯрдани гӯшти он ҳаром аст, таваллуд шудааст, раво мебошад? Оё хӯрдани гӯшти хачир, ки дар натиҷаи алоқаи ҷинсии хар ва аспи модина таваллуд мешавад, ё акси он, раво мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳайвоне, ки аз ду ҳайвон, ки ҳукми онон гуногун аст, таваллуд мешавад, дар ҳукм тобеъи ҳайвони ҳаромшуда мебошад, хоҳ он ҳайвони ҳаромшуда нарина бошад, ё модина.

Баъзе донишмандон бар инанд, ки ҳайвони дурага тобеи модараш мебошад. Агар модараш аз ҷумлаи ҳайвоноти ҳаромшуда бошад, он низ мисли модараш ҳаром мебошад. Агар модараш аз ҷумлаи ҳайвоноти ҳалолшуда бошад, он низ мисли модараш ҳалол мебошад.

Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (5/146) омадааст:

Ҳайвоне, ки аз ду намуд ҳайвон таваллуд мешавад, ки яке аз онҳо ҳаром ва дуввумӣ ҳалол аст. Яке аз мисолҳои ин намуд хачир мебошад.

Шофеиёну ҳанбалиён гуфтаанд: Хачир ва дигар ҳайвоноти дурага тобеи ҳақиртарини яке аз ду асли худ мебошад. Далели онон дар ин сухан, "ҳайвони дурага тобеи ҳақиртарини яке аз ду асли худ мебошад" ин аст, ки ҳайвони дурага аз ду ҳайвон таваллуд шудааст, ки дар он ҳалол ва ҳаром вуҷуд дорад. Аз ин хотир, ҳаром аз рӯи эҳтиёт боло дониста мешавад. Яке аз қоидаҳои фиқҳӣ ин аст: "Ҳар гоҳ ҳаром ва мубоҳ муқобили ҳам қарор гиранд, ҳаром аз рӯи эҳтиёт боло дониста мешавад".

Аммо дар назди ҳанафиён хачир тобеи модар мебошад. Хӯрдани гӯшти хачире, ки модараш хари модина аст, аз барои тобеъ будан ба модараш макруҳи таҳримӣ мебошад. Дар мавриди хӯрдани гӯшти хачире, ки модараш асп аст, ихтилоф вуҷуд дорад, ҳамон ихтилофе, ки дар хӯрдани гӯшти асп вуҷуд дорад. Дар назди Абуҳанифа макруҳ ва дар назди ёронаш (Абуюсуфу Муҳаммад ибни Ҳасан) мубоҳ мебошад.

Он чи оиди хачирҳо гуфта мешавад, оиди ҳар як ҳайвоне, ки аз ду намуди ҳайвон таваллуд шудааст, гуфта мешавад. Тобеъ будан ба модар, ин қоидаест дар назди ҳанафиён.

Поёни сухан бо каме тағйирот.

Дидгоҳи саҳеҳ дар ин масъала дидгоҳи шофеиёну ҳанбалиён мебошад, ки гуфтаанд: Хӯрдани гӯшти хачир мутлақан ҳаром мебошад, хоҳ хӯрдани гӯшти модараш мубоҳ бошад, ё ҳаром бошад.

Далели ин, умуми ҳадисест, ки дар "Сунан"-и Абудовуд (3789) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: "Дар рӯзи Хайбар асп, хачир ва харро забҳ кардем. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз хӯрдани гӯшти хачиру хар манъ намуд. Вале моро аз хӯрдани гӯшти асп манъ накард".   Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу сунани Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Хачир (яъне хӯрдани он) дар назди ҳар як касе, ки хари хонагиро ҳаром гуфтааст, ҳаром мебошад. Зеро он аз хар таваллуд шудааст. Ҳайвоне, ки аз ҳайвони ҳаром таваллуд мешавад, ҳукми он ҳам ҳаром мебошад ... Қатода гуфтааст: Хачир порае аз хар аст. Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: ... Ҳадиси собиқро зикр намуд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (9/326).

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб