Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои мард дар издивоҷ валӣ лозим аст?

23324

Таърихи нашр : 05-09-2021

Мушоҳидаҳо : 2693

Савол

Оё бар мард воҷиб аст, ки ҳангоми ақди никоҳ валӣ дошта бошад? Агар ҷавоб "бале" бошад, оё ҳар як хешованди ӯ метавонанд ба ӯ валӣ шаванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар мард воҷиб нест, ки ҳангоми ақди никоҳ валӣ дошта бошад, балки мард метавонад ақди никоҳро худ бар ӯҳда бигирад. Аммо зан ба валӣ ниёз дорад, зеро аз Оиша ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар зане, ки бе иҷозати валияш издивоҷ кунад, никоҳаш ботил аст, никоҳаш ботил аст, никоҳаш ботил аст».   Ин ҳадисро Тирмизӣ (1102) ва Абудовуд (2083) ва Ибни Моҷа (1879) ривоят кардаанд. Тирмизӣ ин ҳадисро ҳасан донистааст.

Вале агар мард девона ва ё камақл бошад, пас бар ӯ валӣ лозим аст. Аммо агар мард оқил бошад, ба валӣ ниёзе надорад.

Сарчашма: Холид Ал-Мушайқеҳ