Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Фаромӯш кардани саъй

Савол

Ҳаҷҷи фарзиро адо намудам ва ҳаҷҷи ман таматтуъ буд. Умраро адо намуда, аз эҳром баромадам. Дар рӯзи ҳаштум эҳром пӯшидам ва ҳамаи аркони ҳаҷро анҷом додам, вале саъй (байни Сафо ва Марва)-ро ноогоҳона фаромӯш кардам. Пас чӣ чиз бар ман воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шумо бояд ба Макка баргардед ва барои ҳаҷ саъй кунед, зеро барои касе, ки ҳаҷҷи таматтуъ мекунад, ду саъй лозим аст: Саъй барои умра ва саъй барои ҳаҷ.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ. (Фатово-л- лаҷна: 11/257).