Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Мубодилаи пул аз як асъор ба асъори дигар

Савол

Ҳукми пуле, ки аз як асъор ба асъори дигар мубодила карда мешавад, чист? Масалан, ман бо риёли саудӣ маош мегирам ва онро ба риёли судонӣ иваз мекунам. Бояд қайд кард, ки як риёли саудӣ ба се риёли судонӣ баробар аст. Оё ин рибо аст?

Матни ҷавоб

Мубодилаи пули коғазии як кишвар ба пули коғазии кишвари дигар ҷоиз аст, гарчанде ки арзиши онҳо аз якдигар фарқ кунад, зеро ҷинси онҳо гуногун аст. Чуноне ки дар савол мисоли он зикр шуд, вале ба шарте ки мубодила дар як нишаст анҷом дода шавад. Гирифтани чек ё коғази интиқоли маблағ ҳукми мубодила дар як нишастро дорад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аз фатовои Кумитаи доимӣ