Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Қурбонӣ барои мурда

Савол

Оё барои мурда қурбонӣ кардан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мусулмонон бар машрӯъияти қурбонӣ иҷмоъ намудаанд. Ҷоиз аст, ки аз номи мурда қурбонӣ карда шавад, зеро маънои умумии сухани зерини паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар он далолат мекунад: «Вақте одамӣ бимирад, амалаш канда ва қатъ мегардад, магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бурда шавад ва ё фарзанди солеҳе, ки барояш дуо кунад».   Муслим, Абудовуд, Тирмизӣ ва Насоӣ ин ҳадисро ривоят кардаанд. Бухорӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Адабу-л-муфрад" аз Абуҳурайра ривоят намудааст.

Забҳ намудани қурбонӣ аз номи мурда аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошад, зеро ин амал ба шахси қурбоникунанда, шахси фавтида ва ба дигарон манфиат меорад.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто