Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Дар назди Мақоми Иброҳим ягон дуои махсусе вуҷуд надорад

Савол

Оё ягон дуои махсусе вуҷуд дорад, ки дар назди Мақоми Иброҳим бихонам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Баъзе умрагузорону ҳоҷиён дар назди Мақоми Иброҳим истода, дуое мехонанд, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашудааст. Баъзан бо овози баланд дуо мехонанду, (бо овози баланди худ) ба касоне, ки дар паси Мақом ду ракъат намози тавоф мехонанд, халал мерасонанд. Дар назди Мақом ягон дуои махсусе вуҷуд надорад, балки суннат он аст, ки дар паси он ду ракъат намози сабук бихонад ва пас аз салом дарҳол бархезад, то ҷойро барои касоне, ки ба он аз ӯ сазовортаранд ва мехоҳанд ду ракъат намози тавоф бихонанд, бигузорад. Поёни сухан.

Сарчашма: "Фатово аркони-л-ислом" (саҳ 547)