Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҷамъшавӣ дар сари дастархони ифтор

Савол

Оё ҷамъшавӣ дар сари дастархони ифторӣ дар масҷиде ба хотири таҳкими иртибот ва муҳаббат миёни ҷамоати масҷид дар моҳи Рамазон ҳатто агар ин танҳо дар як рӯз ҳам бошад, ҷоиз аст? Ё ин бидъат ба ҳисоб меравад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин амал бидъат ҳисобида намешавад, балки аз умури машрӯъ аст, зеро василаест ба чизи шаръӣ, ки он афзоиши муҳаббату дӯстӣ миёни мусулмонон аст.

Аллоҳ таъоло ба паёмбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) неъмати эҷоди муҳаббату дӯстӣ миёни дилҳои мӯъминонро ёдоварӣ намудааст. Ин далолат мекунад, ки ин чиз (муҳаббату дӯстӣ миёни мусулмонон) яке аз бузургтарин неъматҳо барои ин уммат аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

هُوَ الَّذِي أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ ❁ وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ لَوْ أَنفَقْتَ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعًا مَا أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَكِنَّ اللهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ إِنَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ 

سورة الأنفال: ٦٢ - ٦٣

«Ӯ зотест, ки туро бо ёрии худ ва мӯъминон қувват дод. Ва байни дилҳояшон унсу улфат барқарор кард. (Эй паёмбар!) Агар ту тамоми чизҳоеро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекардӣ, наметавонистӣ байни дилҳояшон улфат диҳӣ, вале Аллоҳ миёни онон унсу улфат барқарор кард. Ҳамоно Ӯ шикастнопазири ҳаким аст».   (Сураи Анфол: 62-63).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Эй бандагони Аллоҳ! Бо якдигар бародар бошед».   Ривояти Бухорӣ (6064) ва Муслим (2563).

Зиёдшавии муҳаббату дӯстӣ миёни мусулмонон аз чизҳоест, ки Шариати ҳаниф ба он ташвиқ карда, василаҳои расидан ба онро машрӯъ кардааст, аз қабили салом додан, табассум кардан ба мусулмон, хушрафторӣ, тӯҳфа додан ва дигар чизҳое, ки Ислом ба он тарғибу ташвиқ намудааст.

Ҳар чизе, ки василаи ба даст овардани муҳаббат миёни мусулмонон ва зиёдшавии он бошад, пас он аз ҷумлаи умури машрӯъшуда аст.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб