Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Кадом вақт изтибоъ (либоси эҳромро ба китфи чап партофта, шонаи ростро бараҳна гузоштан) ва рамал (қадамҳоро наздик-наздик гузошта, босуръат роҳ рафтан) машрӯъ мебошанд?

Савол

Тавофи ифозаро дар рӯзи ид, дарҳол баъд аз ҳаракат аз Муздалифа, яъне пеш аз санг партофтан ба ҷамараи Ақаба ё тарошидани мӯи сар анҷом додам. Оё дар ин тавоф изтибоъ вуҷуд дорад, бо ин ҳуҷҷат ки ман ҳанӯз дар эҳром ҳастам? Аллоҳ ба шумо тавфиқ бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Изтибоъ ва рамал танҳо дар тавофи умра ва тавофи қудум барои муфрид ва қорин машрӯъ аст.

Ба ҷуз дар ин ду тавоф дар дигар маносик (рамал ва изтибоъ) машрӯъ нестанд, аз ин рӯ, тавофи ифоза на рамал дорад ва на изтибоъ дорад, чӣ дар эҳром бошед ё дар эҳром набошед.

Абудовуд (2001) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳафт даври тавофи ифоза рамал намекард.   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Изтибоъ: Китфи ростро кушодан.

Рамал: Қадамҳоро наздик-наздик гузошта, босуръат роҳ рафтан.

Изтибоъ ва рамал муталозими ҳамдигаранд. Яъне ҳар ҷо рамал машрӯъ бошад, изтибоъ ҳам машрӯъ мебошад. Ва ҳар гоҳ рамал машрӯъ набошад, изтибоъ ҳам машрӯъ нест.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (8/43) гуфтааст:

Изтибоъ мулозими рамал аст, ҳар ҷо рамалро мустаҳаб донистем, пас изтибоъ низ мустаҳаб аст ва ҳар гоҳ рамалро мустаҳаб надонистем, изтибоъ низ мустаҳаб нест ва ҳар ҷо хилоф бошад, дар рамал ва изтибоъ, дар ҳар ду хилоф ҷорист ва дар ин амр хилофе вуҷуд надорад. Поёни сухан.

Ҳамчунин гуфтааст: Вале рамал ва изтибоъ дар як чиз аз ҳам ҷудо мешаванд ва он ин аст, ки изтибоъ дар ҳар ҳафт даври тавоф суннат аст, аммо рамал фақат дар се даври аввали тавоф суннат аст ва дар чаҳор даври охири тавоф роҳ рафтан суннат аст. Поёни сухан.

"Ал-Маҷмуъ" (8/20).

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (5/221) мустаҳаб будани рамал ва изтибоъ дар тавофи умра ва тавофи қудумро зикр карда, гуфтааст:

Рамал ва изтибоъ дар ҳеҷ тавофе ба ҷуз тавофҳое, ки зикр кардем, суннат нестанд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва асҳоби ӯ дар он (яъне дар тавофи умра ва қудум) рамал ва изтибоъ кардаанд. Поёни сухан.

Дар фатовои Кумитаи доимӣ (11/225) омадааст:

Изтибоъ дар тамоми даврҳои тавофи қудум суннат аст, ҳаминтавр рамал дар се даври аввали тавофи қудум барои ҳоҷӣ ва умракунанда машрӯъ аст. Поёни сухан.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Дар се даври аввали тавофи аввал бояд рамал кунад, он тавофе, ки ҳангоми бори аввал ба Макка омаданаш анҷом медиҳад, хоҳ умрагузор бошад ва хоҳ мутаматтеъ ва ё танҳо барои ҳаҷ эҳром баста бошад ва ё байни ҳаҷҷу умра қирон карда бошад. Ва дар чаҳор даври боқимонда роҳ меравад, ҳар як даврро бо наздик-наздик гузоштани қадамҳо оғоз мекунад. Барои ӯ мустаҳаб аст, ки дар тамоми ин тавоф изтибоъ намояд, вале дар ғайри он на. Поёни сухан.

"Фатово"-и Ибни Боз (16/60).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб