Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё эътикоф дар ҳар масҷиде дуруст аст?

Савол

Оё эътикоф дар ҳар масҷиде дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон дар сифати масҷиде, ки эътикоф дар он ҷоиз аст, ихтилоф кардаанд. Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки эътикоф дар ҳар масҷиде дуруст аст, агарчи дар он намози ҷамоат барпо нашавад, бинобар умуми сухани Аллоҳ таъоло, ки фармудааст:

 وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ    البقرة/187 .

"Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед".   (Сураи Бақара: 187). 

Имом Аҳмад бар ин назар аст, ки дар масҷид намози ҷамоат баргузор шуданаш шарт аст ва бар он, далелҳои зеринро истидлол кардааст: 

1. Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: "Эътикоф дуруст нест, магар дар масҷиди ҷамоат".   Ривояти Байҳақӣ. Албонӣ ин ҳадисро дар рисолаи "Қиёми Рамазон" саҳеҳ хондааст.

2. Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфтааст: "Эътикоф дуруст нест, магар дар масҷиде, ки дар он намоз барпо шавад".   Китлби "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" (5/212).

3. Зеро агар дар масҷиде эътикоф нишинад, ки дар он намози ҷамоат барпо намешавад, ба яке аз ин ду ҳолатҳо дучор хоҳад шуд:

Аввал: Намози ҷамоатро комилан тарк менамояд, ҳол он ки барои мард ҷоиз нест, ки намози ҷамоатро беузр тарк намояд.

Дуввум: Ё ин ки барои адо намудани намози ҷамоат ба масҷиди дигар бояд доимо барояд, ки ин эътикофро ботил хоҳад кард.

Ба "Ал-Муғнӣ" (4/461) нигар.

Шайх Ибни Усаймин дар китоби "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (6/312) фармудааст:

"Эътикоф дуруст нест, магар дар масҷиде, ки дар он намози ҷамоат барпо мешавад". 

Оё мурод аз он масҷидест, ки дар он намози ҷумъа барпо мешавад, ё масҷидест, ки дар он намози ҷамоат барпо мешавад?

Ҷавоб: Масҷидест, ки дар он намози ҷамоат барпо шавад ва шарт нест, ки дар он намози ҷумъа барпо шавад, зеро масҷиде, ки дар он намози ҷамоат барпо намешавад, ба маънои ҳақиқияш масҷид номида намешавад, монанди ин ки он масҷидро мардум тарк карда бошанд, ё аз он макон кӯч баста бошанд. Поёни сухан.

Аз ин хотир, шарт нест, ки дар он масҷид намози ҷумъа барпо шавад, зеро он такрор намешавад ва баромадан ба намози ҷумъа зарар надорад, бар хилофи намозҳои панҷвақта, ки ҳар рӯзу шаб такрор мешавад.

Шарти мазкур, яъне барпо шудани намози ҷамоат дар масҷид, танҳо барои мардон аст. Аммо барои зан дуруст аст, ки дар ҳар масҷиде эътикоф бинишинад, гарчанде ки дар он намози ҷамоат барпо нашавад, зеро намози ҷамоат бар ӯ воҷиб нест.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" фармудааст:

"Зан метавонад дар ҳар масҷиде эътикоф бинишинад. Шарт нест, ки дар он намози ҷамоат барпо нашавад, зеро намози ҷамоат бар ӯ воҷиб нест. Шофеъӣ низ чунин гуфтааст. Поёни сухан.

Шайх Ибни Усаймин дар китоби "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (6/313) гуфтааст:

Агар зан дар масҷиде, ки дар дар он намози ҷамоат барпо намешавад, эътикоф бинишинад, ҳеҷ боке надорад. Зеро бар ӯ воҷиб нест, ки бо ҳамроҳи ҷамоат намоз гузорад. Поёни сухан.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб