Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми озмунҳои Қуръон ва ҷоизаҳои он

Савол

Баргузории озмуни Қуръонхонӣ барои кӯдакон ва додани ҷоизаҳо ба хотири ташвиқу ҳавасмандгардонии онҳо чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Баргузории чунин озмунҳо кори хуб аст, агар ҳадаф аз он ташвиқ намудани кӯдакон ба ҳифзи китоби Аллоҳ таъоло аз хурдсолӣ бошад. Бо ҷоизаҳову тӯҳфаҳо тарғибу ташвиқ намудани онҳо ҳеҷ боке надорад ва аз ҷониби Аллоҳ таъоло ба шумо подошу савоб дода мешавад. Ва ин аз боби ҳамкорӣ дар некӯкориву парҳезгорӣ аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед».   (Сураи Моида: 2).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид