Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Азону иқомат барои мунфарид (танҳогузор)

5660

Таърихи нашр : 28-11-2021

Мушоҳидаҳо : 1710

Савол

Агар танҳо намоз бихонӣ, азону иқомат мегӯӣ?

Ман чанд вақт пеш Исломро қабул кардам ва китобҳоеро дар мавзӯи намоз хондам, вале он китобҳо дар ин бора чизе намегӯянд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Азону иқомат барои мунфарид (танҳогузор) мустаҳаб мебошад, зеро маънои умумии далелҳо бар он далолат мекунад.

Шайх Мансур Ал-Баҳутӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Азону иқомат барои мунфарид (танҳогузор) суннат мебошад, зеро Уқба ибни Омир ҳадиси марфуъеро ривоят кардааст: (Расулуллоҳ мефармояд:) «Парвардигорат аз ин кирдори чӯпони гӯсфанд тааҷҷуб мекунад, ки ӯ дар болои кӯҳ барои намоз азон мехонад ва намоз мегузорад. Аллоҳ таъоло мегӯяд: Ин бандаамро бубинед, азон мехонад ва намозро барпо менамояд, аз Ман метарсад. Ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки Ман гуноҳони бандаамро мағфират кардам ва ӯро вориди биҳишт менамоям».   Ривояти Насоӣ.

Азону иқомат дар сафар ҳам суннат мебошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Молик ибни Ҳувайрис ва ба писарамаки ӯ гуфт: «Ҳар гоҳ ҳардуятон сафар кунед, азону иқомат бихонед ва бузургсолтарини шумо имоматӣ бикунад». Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим). . .

"Матолибу ули-н-нуҳо" Ҷилди 1, боби азон.

Барои ӯ тарк кардани азону иқомат макруҳ аст. Шофеӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

Агар марде азону иқоматро дар ҳоли танҳогузорӣ ва ё дар ҷамоат тарк кунад, ман онро макруҳ медонам, вале намозҳоеро, ки бе азону иқомат хондааст, дубора намехонад.

Сарчашма: Китоби "Ал-Умм"-и Шофеӣ, Ҷимоъу-л-азон, бобу-л-азони ва-л-иқомати ли-л-ҷамъи байна-с-салотайн