Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Хушбӯиҳои спиртдор

Савол

Ҳукми истеъмоли хушбӯиҳое, ки дар таркиби худ адикалон ё спирт доранд, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Хушбӯиҳое, ки дар таркиби он адикалон ё спирт вуҷуд дорад, бояд бо тафсил чунин шарҳ дода шавад:

Агар фоизи спирт кам бошад, зараре надорад, инсон онро бидуни ҳеҷ нигароние истифода бурда метавонад. Масалан агар (спирт дар таркиби он) панҷ фоиз ё камтар бошад, ҳеҷ зараре надорад.

Аммо агар фоизи спирт зиёд буда, таъсираш аён бошад, дар ин ҳолат беҳтар аст, ки инсон онро истифода набарад, ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ, ба монанди таъқим (стерилизатсия)-и захмҳо ва амсоли он.

Аммо дар ҳолатҳои ғайри зарурӣ, истифода набурдани он беҳтар мебошад. Ман намегӯям, ки истифодаи он ҳаром аст. Бештарин чизе, ки дар мавриди он метавонем бигӯем, ин аст ки ин фоизи бузурги спирт масткунанда аст. Бе шак ҳар чизи масткунандаро нӯшиданаш, бо далеҳои Қуръону суннат ва иҷмоъи донишмандон ҳаром аст. Аммо оё ғайри нӯшидан, дигар истифодаҳои он ҳалол аст? Ин масъала, масъалаи ихтилофӣ буда, аз рӯи эҳтиёт истифода бурда нашавад. Инҷо гуфтам, ки масъалаи ихтилофӣ аст, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ . إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنْ الصَّلَاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنتَهُونَ    المائدة/90-91 .

"Эй касоне, ки имон овардаед! Хамру қимору бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ), палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед. Шайтон мехоҳад ба василаи хамру қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?"   (Сураи Моида: 90-91).

Агар аз рӯи умум ба ин оят: "аз онҳо дурӣ ҷӯед", назар кунем, умумро мегирему мегӯем, ки дар ҳама ҳолат аз хамр хоҳ нӯшидани он бошад ва хоҳ молидани он ва хоҳ ғайри он, бояд дурӣ ҷуст.  

Аммо агар ба сабаби ҳаром гаштани хамр назар кунем:

 إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنْ الصَّلَاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنتَهُونَ   المائدة/91

"Шайтон мехоҳад ба василаи хамру қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?"   (Сураи Моида: 91).

Дар ин ҳолат мегӯем, ки танҳо нӯшидани он манъ аст, зеро молидани он ба ин чизҳо бурда намерасонад. (Яъне молидани он сабаби пайдоиши кинаву адоват ва дурӣ аз ёди Аллоҳ ва намоз нахоҳад шуд).

Хулоса ин аст, ки агар фоизи спирт дар ин хушбӯӣ кам бошад, дар истифодаи он ҳеҷ монеияту ишколе  нест ва ҷойи ҳеҷ нигароние нест.

Аммо агар фоизи спирт дар он зиёд бошад, дар ин ҳолат беҳтар аст, ки ба ғайр аз ҳолатҳои зарурӣ, аз он дурӣ ҷӯяд. Ҳолатҳои зарурӣ гуфта, эҳтиёҷ ба таъқим (стерилизатсия)-и захмҳо ва амсоли онро дар назар доранд.

Сарчашма: "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ"-и Ибни Усаймин (240).