Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои зан ҷоиз аст, ки ба ҳаммомҳои умумӣ биравад?

Таърихи нашр : 16-07-2022

Мушоҳидаҳо : 1778

Савол

Оё дар моҳи Рамазон ба ҳаммомҳои умумӣ рафтани ҳамсарам ҷоиз аст? Лутфан таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ҳаммоми хонаи мо хеле хурд аст ва ӯ ҳомиладор аст ва аз сардӣ бар нафси худ метарсад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар ӯ ба ҳаммоми хона даромада тавонад ва оби онро гарм карда тавонад, дар ин ҳолат ҷоиз нест, ки ба ҳаммоми умумӣ биравад. Тирмизӣ (2801) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад, пас занашро ба ҳаммом нафаристад».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" ҳасан донистааст.

Тирмизӣ (2803) ривоят кардааст: Гурӯҳе аз занони Ҳимс ё Шом ба назди Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дохил шуданд. Оиша ба онҳо гуфт: Шумо заноне ҳастед, ки ба ҳаммом меравед? Ҳол он ки аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаам, ки мефармуд: «Ҳар зане, ки либосҳояшро дар ғайри хонаи шавҳараш берун оварад, ситр ва пардаи байни худ ва Парвардигорашро даронидааст».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Аммо агар ғусл кардан дар хонааш ғайриимкон бошад, пас дар ин ҳолат, барояш ҷоиз аст, ки аз рӯи зарурат, пӯшиш ва ҳифзи чашмро риоя намуда ба ҳаммоми умумӣ биравад.

Шайху-л-ислом ибни Таймия гуфтааст: "Донишмандон гуфтаанд: Барои занон дар ҳолати зарурат рухсат дода шудааст, ки ба ҳаммом бираванд, ҳамонгунае, ки барои мардон рухсат дода шудааст, ки чашм ва аврати худро ҳифз намуда, ба ҳаммом бираванд. Масалан замоне, ки зан бемор ва ё дар нифос бошад ва ё ғусл бар ӯ воҷиб шуда бошад ва ғайр аз ҳаммоми умумӣ дар дигар ҷо ғусл кардан имконнопазир бошад". Поёни сухан аз "Маҷмуъу-л-фатово" (15/380).

Ҳамчунин гуфтааст: "Аммо зан ба он ҷо - яъне ҳаммом - дар ҳолати зарурат аврати худро пӯшида медарояд". Поёни сухан аз "Маҷмуъу-л-фатово" (21/342).

     Аллоҳ донотар аст. 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб