Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

ҲУКМИ ҶАШН ГИРИФТАНИ ШАБИ НИМАИ ШАЪБОН

Таърихи нашр : 09-03-2022

Мушоҳидаҳо : 1504

Ҳукми ҷашн гирифтани шаби нимаи Шаъбон

Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки динро бароямон такмил намуд ва неъматро бар мо ба итмом расонд ва дуруду паём бар паёмбар ва расули Ӯ Муҳаммад, паёмбари тавбаю раҳмат.

Аммо баъд:

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 اليَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِينًا   سورة المائدة: ۳ 

«Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ҳамчун дин бароятон интихоб кардам».   (Сураи Моида: 3).

Ва инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ اللهُ   سورة الشورى: ٢١ 

«Оё (мушрикон) маъбудоне доранд, ки барои онон дину ойинеро муқаррар кардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст».   (Сураи Шуро:21).

Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар кас дар дини мо чизеро эҷод кунад, ки аз дин набошад, пас он мардуд аст».

Ва дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар хутбаи рӯзи ҷумъа мегуфт:

«Аммо баъд: Беҳтарин сухан китоби Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳнамоӣ, роҳнамоии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва бадтарин умур бидъатҳои он мебошанд ва ҳар як бидъат гумроҳӣ аст».

Оятҳову ҳадисҳо дар ин маъно хеле зиёданд.

Ҳамаи он далелҳо (оятҳову ҳадисҳо) сароҳатан далолат мекунанд, ки Аллоҳ таъоло динро барои ин уммат комил ва неъмати худро бар онон такмил намуд ва паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) вафот накард, магар ин ки (пеш аз вафот) паёми расо ва ошкори худро (ба мардум) расонд ва тамоми гуфтору кирдоре, ки Аллоҳ таъоло барои уммат машрӯъ карда буд, барои эшон баён намуд. Ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тавзеҳ намуд, ки ҳар он чи ки мардум баъд аз ӯ эҷод мекунанд ва онро яъне ҳар гуфтору кирдори эҷод кардаи худро ба Ислом нисбат медиҳанд, ҳама бидъат мебошанд ва бар касе, ки онро эҷод кардааст, мардуд (ва номақбул) аст, гарчанде ки нияти нек дошта бошад. Саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва инчунин донишмандони Ислом баъд аз онон ин амрро фаҳмиданд ва бидъатҳоро инкор намуданд ва (мардумро) аз он бим намуданд, чуноне ки тамоми касоне, ки оиди бузургдошти суннат ва инкори бадъат китоберо таълиф кардаанд, ба монанди Ибни Ваззоҳ, Тартушӣ, Ибни Шома ва ғайра онро зикр намудаанд.

Аз ҷумлаи бидаътҳое, ки баъзе аз мардум эҷод кардаанд, ин бидъати ҷашн гирифтани шаби нимаи Шаъбон ва махсус дар он рӯз рӯза гирифтан мебошад. Ягон далеле дар ин бора вуҷуд надорад, ки ба он эътимод карда шавад ва дар фазилати он, ҳадисҳои заифе ворид шудаанд, ки бар он ҳадисҳо эътимод кардан раво нест ва он ҳадисҳое ки дар фазли намози он шаб ворид шудаанд, ҳама мавзуъ мебошанд, чуноне, ки бисёре аз донишмандон ба он ишора кардаанд, ки баъзе аз суханони онон зикр хоҳад шуд, иншоаллоҳ.

Инчунин осоре аз баъзе гузаштагон аз аҳли Шом ва дигарон дар ин бора омадааст, аммо дидгоҳи ҷумҳури донишмандон ин аст, ки ҷашн гирифтани он бидъат аст ва ҳадисҳое, ки дар фазилати он ворид шудаанд, ҳама заиф ва баъзеи онҳо мавзуъ мебошанд ва аз ҷумлаи касоне ки бар заиф будани он ишора кардаанд, Ҳофиз Ибни Раҷаб дар китоби худ "Латоифу-л-маориф" ва дигарон мебошанд. Ба ҳадисҳои заиф дар ибодатҳое амал карда мешавад, ки асли онҳо бо далелҳои саҳеҳ собит шуда бошад, аммо ҷашн гирифтани шаби нимаи Шаъбон асоси саҳеҳе надорад, то ин ки ҳадисҳои заиф ба онҳо рабт дода шавад.

Имом Абу-л-аббос Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин қоидаи бузургро зикр кардааст.

Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) бар воҷиб будани бозгардонидани масъалаҳои ихтилофшуда ба китоби Аллоҳ таъоло ва суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) иҷмоъ кардаанд. (Яъне ҳар гоҳ мардум дар масъалае ихтилоф кунанд, бояд ба Қуръон ва ҳадис руҷӯъ кунанд). Пас Қуръону ҳадис ва ё яке аз он ду ба масъалае ҳукм намоянд, пас он шариат мебошад, ки бояд ба он пайравӣ карда шавад ва ҳар чӣ бо Қуръону ҳадис мухолиф бошад, воҷиб аст, ки дур карда шавад ва ҳар ибодате, ки дар Қуръону ҳадис ворид нашудааст, бидъат мебошад ва анҷом додани он ҷоиз нест. Илова бар ин, аз боби авло даъват намудан ба он ва некӯ шуморидани он ҷоиз нест, чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ذَٰلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا   سورة النساء: ٥٩ 

«Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро итоат кунед ва паёмбарро итоат кунед ва соҳибони амри худ (коргузорону фармондеҳони мусулмони худ)-ро (итоат кунед) ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба Аллоҳ ва паёмбар бозгардонед, агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доред. Ин (руҷӯъ ба Қуръону суннат) беҳтар ва хушфарҷомтар аст».   (Сураи Нисо: 59).

Аллоҳ таъоло мефармояд:

 مَا اخْتَلَفْتُمْ فِيهِ مِن شَيْءٍ فَحُكْمُهُ إِلَى اللهِ    سورة الشورى: ١٠ 

«Дар ҳар чизе, ки ихтилоф кунед, ҳукм (ва доварӣ)-и он ба Аллоҳ вогузор мегардад».   (Сураи Шуро: 10).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

 قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ اللهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ  سورة آل عمران: ٣١ 

«Бигӯ: Агар Аллоҳро дӯст медоред, маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад».   (Сураи Оли Имрон: 31).

Ва инчунин Аллоҳ мефармояд:

 فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّى يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنْفُسِهِمْ حَرَجًا مِمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا سورة النساء: ٦٥ 

«На, савганд ба Парвардигорат, ки онҳо имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофҳояшон туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, дар дили худ эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд».   (Сураи Нисо: 65).

Оятҳо дар ин бора хеле зиёданд, ки бар воҷиб будани бозгардонидани масъалаҳои ихтилофшуда ба китоби Аллоҳ таъоло ва суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва бар воҷиб будани розигӣ ба ҳукми китобу суннат тасреҳ менамоянд. Ва ин талаботи имон ва хайру некӯӣ барои бандагон дар дунёву охират «ва хушфарҷомтар» яъне хушоқибаттар мебошад.

Ҳофиз Ибни Раҷаб (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) дар идомаи сухани худ дар китоби "Латоифу-л-маориф" оиди ин масъала гуфт:

"Тобеини аҳли Шом, ба монанди Холид ибни Маъдон, Макҳул, Луқмон ибни Омир ва дигарон шаби нимаи Шаъбонро бузург медонистанд ва дар анҷоми ибодат дар он шаб саъю кӯшиш мекарданд. Мардум фазилат ва бузургдошти он шабро аз онҳо гирифтаанд ва гуфта шудааст, ки дар ин бора осоре аз исроилиён ба онон расидааст. . . Аксари донишмандони Ҳиҷоз ба монанди Ато ва Ибни Абимулайка онро инкор намудаанд. Абдураҳмон ибни Зайд ибни Аслам онро аз фақеҳони Мадина нақл кардааст ва ин дидгоҳи асҳоби Молик ва дигарон мебошад, ки онҳо гуфтаанд: Он ҳама бидъат аст. . . Дар мавриди шаби нимаи Шаъбон сухане аз Имом Аҳмад нақл нашудааст. . . ". Ибни Раҷаб (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар идома мегӯяд: "Дар мавриди қиёми шаби нимаи Шаъбон аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони ӯ чизе собит нашудааст. . . ".

Поёни сухани Ҳофиз Ибни Раҷаб (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Ӯ ба таври возеҳ баён кардааст, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони ӯ (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) дар мавриди шаби нимаи Шаъбон чизе собит нашудааст.

Ҳар чизе, ки машрӯъияти он бо далелҳои шаръӣ собит нашуда бошад, барои мусулмон ҷоиз нест, ки дар танҳоӣ ё ҷамоат ва ё пинҳонӣ ё ошкоро онро дар дин эҷод намоянд, ба хотири ом будани сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод): «Касе амалеро анҷом бидиҳад, ки дар он амал амри мо нест, пас он амал мардуд (ва номақбул) аст». Ва инчунин далелҳои дигаре вуҷуд доранд, ки бар инкори бидъатҳо ва барҳазар намудан аз онҳо далолат мекунанд.

Имом Абубакри Тартушӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ "Ал-Ҳаводису ва-л-бидаъ" гуфтааст:

"Ибни Ваззоҳ аз Зайд ибни Аслам ривоят кардааст, ки мегӯяд: Мо ягон шайх ва фақеҳонамонро надидаем, ки ба нимаи Шаъбон таваҷҷӯҳ намуда бошанд. Ба ҳадиси Макҳул эҳтимом намеварзиданд ва барои шаби нимаи Шаъбон фазилатеро бар дигар шабҳо намедиданд. Ба Ибни Абимулайка гуфта шуд, ки Зиёди Нумайрӣ мегӯяд: Савоби шаби нимаи Шаъбон ба монанди савоби шаби қадр мебошад. Ибни Абимулайка гуфт: Агар ман ин суханро аз ӯ шунавам ва дар даст асое дошта бошам, ӯро бо асо мезадам. Зиёд як марди қиссагӯ буд". Поёни сухан.

Аллома Шавконӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Фавоиду-л-маҷмӯъа" гуфтааст:

Ҳадиси: «Эй Алӣ! Ҳар кас дар шаби нимаи Шаъбон сад ракъат намоз бихонад ва дар ҳар ракъат даҳ маротиба сураи Фотиҳа ва (Қул ҳуваллоҳу аҳад)-ро бихонад, Аллоҳ таъоло ҳама ниёзҳояшро адо менамояд. . . ». Ин ҳадис мавзуъ (яъне дурӯғи бофташуда нисбати паёмбар) мебошад ва дар лафзҳои он ҳадис - савоби иҷрокунандаи он ба таври возеҳ баён шудааст - ҳар инсоне, ки ақли солим дорад, дар мавзуъ будуни он шакку шубҳа намекунад ва ривояткунандагони ҳадис маҷҳул мебошанд ва аз тариқи дуввум низ ривоят шудааст, вале ҳамаи он ривоятҳо мавзуъ ва ривояткунандагони он ҳадисҳо маҷҳул мебошанд.

Дар китоби "Ал-Мухтасар" омадааст: Ҳадиси намози нимаи Шаъбон ботил аст. Ибни Ҳиббон ҳадиси Алиро ривоят кардааст: «Ҳар гоҳ шаби нимаи Шаъбон биёяд, шабашро бо намоз ва рӯзашро бо рӯза гузаронед». Ин ҳадис заиф аст.

Дар китоби "Аллаолӣ" омадааст: «Сад ракъат намоз дар нимаи Шаъбон бо сураи Ихлос даҳ маротиба. . . ». Ин ҳадис мавзуъ аст ва аксари ривояткунандагони он дар ҳар се туруқ маҷҳулу заиф мебошанд. Ва гуфтааст: «Дувоздаҳ ракъат намоз бо сураи Ихлос сӣ маротиба». Ин ҳадис мавзуъ аст. Ва «Чаҳордаҳ ракъат». Ин ҳадис низ мавзуъ аст.

Гурӯҳе аз фақеҳон ба монанди муаллифи китоби "Эҳёи улуми дин" ва дигарон ва ҳамчунин муфассирин бо ин ҳадис фирефта шудаанд. Намози ин шаб, яъне намози шаби нимаи Шаъбон ба суратҳои мухталифе ривоят шудааст, ки ҳамаи онҳо ботил ва мавзуъ мебошанд. . . Поёни сухан.

Ҳофизи Ироқӣ гуфтааст: "Ҳадиси намози нимаи шаби Шаъбон бар расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бофташуда ва дурӯғине аст, ки ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат дода шудааст".

Имом Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" гуфтааст: "Намози машҳур бо номи намози рағоиб, ки дувоздаҳ ракъат дар мобайни шому хуфтан, ки дар шаби аввалини ҷумъаи моҳи Раҷаб аст ва намози шаби нимаи Шаъбон сад ракаъат аст. Ин ду намоз бидъатҳои инкоршуда мебошанд. Набояд бар зикр шудани ин намозҳо дар китоби "Қуту-л-қулуб" ва "Эҳёи улуми дин" фирефта шуд ва ҳамчунин набояд бар ҳадисе, ки дар ин ду китоб зикр шудаанд, мағрур шуд, зеро тамоми ин ҳадисҳо ботиланд. Инчунин ба дидгоҳи баъзе аз имомон, ки дар ҳукми ин ду намоз иштибоҳ карда, оиди мустаҳаб будани ин ду намоз саҳифаҳоеро таълиф кардаанд, фирефта шуд, зеро онҳо дар ин бора иштибоҳ кардаанд".

Шайх Имом Абумуҳаммад Абдураҳмон ибни Исмоили Мақдисӣ китоби гаронбаҳоеро оиди ботил будани ин ду намоз таълиф намудааст ва кори неку хуберо анҷом додааст. Ва сухани донишмандон дар ин масъала хеле зиёд аст, агар мо ҳар он чиро ки дар ин замина аз он иттилоъ ёфтаем, нақл намоем, сухан дароз мешавад. Шояд дар он чи, ки зикр кардем, барои талабгори ҳақиқат кофӣ ва қонеъкунанда аст.

Аз он чӣ аз оятҳову ҳадисҳо ва суханони донишмандон, ки зикр шуд, барои талабгори ҳақиқат ошкор мешавад, ки ҷашн гиифтани шаби нимаи Шаъбон бо намоз ва дигар амалҳо ва махсус дар он рӯз рӯза гирифтан дар назди аксари донишмандон бидъати инкоршуда буда, дар шариати мутаҳҳару покиза ягон асосе надорад, балки ин аз ҷумлаи амалҳоест, ки баъд аз асри саҳоба дар Ислом эҷод шудааст. Сухани Аллоҳ таъоло: «Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам» ва оятҳои дигаре дар ин маъно ва сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод): «Ҳар кас дар дини мо чизеро эҷод кунад, ки аз дин набошад, пас он мардуд (ва номақбул) аст» ва ҳадисҳои дигаре дар ин маъно барои талабгори ҳақиқат кофист.

Ва дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аз миёни шабҳо шаби ҷумъаро ба қиём ихтисос надиҳед ва аз миёни рӯзҳо рӯзи ҷумъаро ба рӯза ихтисос надиҳед, магар ин ки ба рӯзаи доимие, ки яке аз шумо рӯза мегирифт, рӯ ба рӯ шавад».

Пас агар ихтисос додани шабе аз шабҳо ба ибодате ҷоиз мебуд, шаби ҷумъа аз дигар шабҳо авлотару шоистатар буд, зеро бо насси ҳадисҳои саҳеҳ рӯзи он беҳтарин рӯзе аст, ки офтоб бар он тобидааст. Пас ҳар гоҳ ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз ихтисос додани он ба қиём аз миёни дигар шабҳо манъ намуд, ин далолат мекунад, ки ихтисос намудани дигар шабе аз шабҳо ба ҳар ибадоте аз боби авло ҷоиз нест, магар ин, ки далели саҳеҳе бар ихтисос додани он далолат кунад.

Чун дар шаби қадр ва шабҳои моҳи Рамазон қиём ва талош барои ибодат машрӯъ аст, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ин чиз ёдоварӣ кард ва мардумро бар қиёми он тарғибу ташвиқ намуда, худ низ онро анҷом додааст, чуноне, ки дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешаванд. Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешаванд».

Агар ихтисос намудани шаби нимаи Шаъбон ё шаби аввалини ҷумъаи Раҷаб ё шаби исро ва меъроҷ ба ҷашну эҳтифол ва ё ибодати махсусе машрӯъ мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) умматро ба он роҳнамоӣ менамуд ва ё худ онро иҷро мекард ва агар чизе аз инҳо анҷом мегирифт, саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ки худ баъд аз паёмбарон беҳтарин ва насиҳаткунандатарини мардуманд, онро ба уммат нақл мекарданд ва онро пинҳон намесохтанд, чунки онон баъд аз паёмбарон (дуруди Аллоҳ бар онон бод) беҳтарин ва насиҳаткунандатарини мардум мебошанд, Аллоҳ аз саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хушнуд бод ва ононро хушнуд созад.

Ҳамакнун ҳам аз сухани донишмандон донистед, ки дар фазилати шаби аввалини ҷумъаи Раҷаб ва шаби нимаи Шаъбон аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони ӯ (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) чизе собит нашудааст ва ҷашн гирифтани он бидъати эҷодшудае дар Ислом аст ва инчунин ихтисос намудани он ба чизе аз ибодат бидъати инкоршуда аст. Ҳамчунин ихтисос намудани ибодате ба шаби бисту ҳафтуми Раҷаб, ки баъзе аз мардумон эътиқод доранд, ки шаби исро ва меъроҷ мебошад, ҷоиз нест ва инчунин ҷашн гирифтани он шаб бино бар далелҳои дар боло гузашта ҷоиз нест, ин дар ҳоле ки кадом шаб будани онро мардум бидонанд. Дидгоҳи саҳеҳ аз гуфтори донишмандон ин аст, ки кадом шаб будани он маълум нест. Пас дар ин ҳолат чигуна аст? Баъзе шахсон гуфтаанд, ки он шаби бисту ҳафтуми Раҷаб мебошад. Ин сухани ботил ва дар ҳадисҳои саҳеҳ ягон асосе надорад ва чӣ зебо гуфтааст, касе ки ин байтро сурудааст:

Беҳтарин умур ин умури гузаштагон (салаф), ки мабнӣ бар ҳидоятанд ва бадтарин умур ин умури нав эҷодшудаю бадъатҳоянд.

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонам, ки мо ва дигар мусулмононро барои тамассук ба суннат ва собитқадамӣ бар он ва ҳазар аз мухолифат бо он, муваффаққ гардонад, Ӯ бахшандаву гиромӣ аст.

Дуруди Аллоҳ ба банда ва фиристодаи Ӯ, паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу саҳобагони ӯ бод.

Поёни сухан бо ихтисор ва каме тағйирот аз китоби "Маҷмӯу фатово"- Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (2/883).