Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ранг кардани мӯй бо ранги қаҳваӣ

Таърихи нашр : 26-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1868

Савол

Оё ҷоиз аст, ки зан мӯяшро бо ранги қаҳваӣ ранг кунад, вале ҳино истифода набарад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳеҷ боке нест, ки мӯи худро бо ранги қаҳваӣ ранг намоед, гарчанде ки бо ҳино ҳам набошад. Мамнӯъ он аст, ки мӯйро бо ранги сиёҳ ранг намоед, зеро дар ин бора аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) наҳй ворид шудааст. (Ба саволи рақами 476 руҷӯъ карда шавад).

Ва ҳамчунин ранг кардани мӯй ба монанди тариқаи кофирон ҷоиз нест, ҳамон гунае ки "понкҳо" мӯйҳои худро бо рангҳои гуногун ранг мекунанд, ки ҳар як бофтаашро бо ранги дигар ранг менамоянд.

Аз Аллоҳ солимиву офият металабем.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид