Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Харидани калисо ва табдил додани он ба масҷид

Таърихи нашр : 23-09-2022

Мушоҳидаҳо : 1525

Савол

Гуруҳе аз мусулмонон дар шаҳре дар иёлоти Ҷорҷияи Иёлоти Амрико вуҷуд доранд. Онҳо мехоҳанд барои адои намозҳои панҷгона ва ҷумъа масҷиде бунёд кунанд. Дар онҷо як калисое ба фурӯш гузошта шудааст. Оё барои онҳо ҷоиз аст, ки ин калисоро бихаранд ва онро ба масҷид табдил диҳанд? Албатта баъд аз дур кардани салибҳои калисо ва маҳв намудани суратҳо ва нақшу нигориши овехташуда.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, ҷоиз аст, ки онро бихаранд ва ба масҷид табдил диҳанд ва воҷиб аст, ки салибҳову суратҳои овехташуда ва нақшу нигоршуда маҳв карда шаванд ва ҳамчунин тамоми осоре, ки ба калисо будани макон далолат мекунад, маҳв карда шавад. Мо ягон монеъеро намедонем, ки ин амалро манъ кунад.

Аз фатовои "Кумитаи доимӣ" (6/267).

Аз ҷумлаи далелҳое, ки ба ҷоиз будани табдили ибодатхонаҳои ширку куфр ба масҷидҳо далолат мекунад, ҳадиси зерин аст:

Аз Талқ ибни Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи гуруҳе ба сӯи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рафтем, ӯро байъат кардему ҳамроҳаш намоз хондем ва ба ӯ хабар додем, ки дар сарзамини мо калисое (ибодатхонаи насрониён ё яҳудиён) вуҷуд дорад ва аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дархост кардем, ки аз боқимондаи оби вузӯаш ба мо ато кунад. Ӯ об талаб кард ва бо он вузӯ гирифта, мазмаза намуд, сипас онро ба зарфе рехт ва ба мо дастур дода, гуфт: «Бароед ва ҳар гоҳ ба сарзамини худ расидед, калисоро бишканед ва ин обро дар макони он бипошед ва он маконро масҷид қарор бидиҳед». Гуфтем: Сарзамини мо дур аст, гармӣ сахт аст ва об хушк мешавад. Фармуд: «Ба он об илова кунед, ки хайри онро афзун мекунад». Пас ба роҳ баромадем ва чун ба сарзамини худ расидем, ибодатгоҳамонро шикастем ва ба он ҷо об пошидем ва онро масҷид кардем. Дар он ҷо азон додем ва чун роҳиб марде аз қабилаи Тай онро шунид, гуфт: "Даъвати ҳақ". Сипас ба яке аз теппаҳои мо баромад ва дигар ӯро надидем.   Ривояти Насоӣ (694).
Бинои онро аз асосаш вайрон кардан лозим нест, модоме ки девору шифт ва дигар қисмати бино қобили истифода бошад. Метавонед тағйироти меъмории лозимаро анҷом дода, сафҳои биноро ба сӯи Каъба қарор бидиҳед ва тамоми мазоҳири ширк ва ҳаромҳоро бартараф намоед.

     Аллоҳ таъоло тавфиқдиҳанда ва Ӯ донотару ҳакимтар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид