Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
«Дин муомила аст». Ин ҳадис то чӣ андоза дуруст аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин сухан ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нест ва дар китобҳои ҳадис ҳеҷ асосе надорад.
Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) онро дар муқаддимаи ҷилди панҷуми "Силсилату-л-аҳодиси-з-заифа" саҳифаи 11 зикр карда, оиди он ҳадис гуфтааст: "Ин сухан ҳеҷ асосе надорад ва ҳатто дар миёни ҳадисҳои мавзуъ (бофта) вуҷуд надорад". Поёни сухан.
Аз Шайх ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди ин сухан пурсиданд. Дар ҷавоб гуфт:
"Ин ҳадис нест, балки сухани мардум аст". Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.