Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

«Дин муомила аст». Ҳадис намебошад.

103437

Таърихи нашр : 09-10-2022

Мушоҳидаҳо : 1343

Савол

«Дин муомила аст». Ин ҳадис то чӣ андоза дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин сухан ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нест ва дар китобҳои ҳадис ҳеҷ асосе надорад.

Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) онро дар муқаддимаи ҷилди панҷуми "Силсилату-л-аҳодиси-з-заифа" саҳифаи 11 зикр карда, оиди он ҳадис гуфтааст: "Ин сухан ҳеҷ асосе надорад ва ҳатто дар миёни ҳадисҳои мавзуъ (бофта) вуҷуд надорад". Поёни сухан.

Аз Шайх ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди ин сухан пурсиданд. Дар ҷавоб гуфт:

"Ин ҳадис нест, балки сухани мардум аст". Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб