Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё бар ҳоҷӣ зарур аст, ки намози иди Азҳо (Қурбон)-ро бихонад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Намози иди Азҳо (Қурбон) бар ҳоҷиён зарур нест, вале касе аз онҳо намози идро ҳамроҳи мардум бихонад, савоб мегирад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.
Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (11/69-70).