Фоидаҳои ҳаҷ
Фоидаҳои ҳаҷ бисёр бузург ва арзишманданд, аз ҷумла: 1. Ҳаҷ иҷрои яке аз рукнҳои асосии дини Ислом мебошад. 2. Ҳаҷ навъе аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ба ҳисоб меравад. 3. Барои касе, ки онро мутобиқи аҳкоми Шариъат анҷом медиҳад, савобу подоши азим ва аҷри бузург муқаррар гардидааст. 4. Дар ҳаҷ зикру ёди Аллоҳ таъоло барпо шуда, бузургдошти Ӯ ва ошкор сохтани шиорҳои Исломӣ сурат мегирад. 5. Дар ин маросими бузург мусулмонон аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон гирди ҳам омада, миёни онҳо меҳру муҳаббат, дӯстӣ ва шиносоӣ ба вуҷуд меояд. 6. Ҳаҷ ваҳдату ягонагии мусулмононро дар замон, макон, амал ва зоҳир ба намоиш мегузорад. 7. Дар айёми ҳаҷ заминаи фаровони хайру баракатҳои динӣ ва дунявӣ фароҳам гардида, миёни мусулмонон мубодилаи манфиатҳо сурат мегирад. 8. Қурбониҳо ва ҳадяҳои воҷибу мустаҳабе, ки дар ҳаҷ анҷом дода мешаванд, нишонаи бузургдошти ҳурматҳои илоҳӣ буда, мардум аз онҳо бо истеъмол, ҳадя кардан ва садақа додан ба ниёзмандон баҳраманд мегарданд.