Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Бо вуҷуди кадом шартҳо мард метавонад зиёда аз як зан бигирад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Издивоҷ бо зиёда аз як зан (яъне бисёрзанӣ) чизи хуб аст, ба шарте ки мард тавоноии молӣ ва қувваи ҷисмонӣ дошта бошад ва байни занони худ адолат карда тавонад.
Зеро бо сабаби бисёрзанӣ хайри зиёд ҳосил мешавад, аз ҷумла ҳифзи иффату покдомании заноне, ки бо онҳо издивоҷ мекунад, густариши равобити мардум бо ҳамдигар ва бисёрфарзандӣ, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он ишора карда фармудааст: «Шумо зани вадуд (дилёб) ва валуд (тавалудкунандаю серфарзанд)-ро издивоҷ бикунед».
Бисёрзанӣ боз манфиатҳои зиёде дорад. Аммо агар инсон аз рӯи фахр ва кибру ғурур зиёда аз як зан бигирад, ин ба исрофкорӣ медарояд, ки он мамнӯъ мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ سورة الأنعام: ١٤١
«Ва исроф макунед, зеро ки Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад». (Сураи Анъом: 141).