Душанбе 4 Рабиъу-л-охир 1446 - 7 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Шартҳои бисёрзанӣ кадомҳоянд?

12523

Таърихи нашр : 20-01-2022

Мушоҳидаҳо : 1982

Савол

Бо вуҷуди кадом шартҳо мард метавонад зиёда аз як зан бигирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Издивоҷ бо зиёда аз як зан (яъне бисёрзанӣ) чизи хуб аст, ба шарте ки мард тавоноии молӣ ва қувваи ҷисмонӣ дошта бошад ва байни занони худ адолат карда тавонад.

Зеро бо сабаби бисёрзанӣ хайри зиёд ҳосил мешавад, аз ҷумла ҳифзи иффату покдомании заноне, ки бо онҳо издивоҷ мекунад, густариши равобити мардум бо ҳамдигар ва бисёрфарзандӣ, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он ишора карда фармудааст: «Шумо зани вадуд (дилёб) ва валуд (тавалудкунандаю серфарзанд)-ро издивоҷ бикунед».

Бисёрзанӣ боз манфиатҳои зиёде дорад. Аммо агар инсон аз рӯи фахр ва кибру ғурур зиёда аз як зан бигирад, ин ба исрофкорӣ медарояд, ки он мамнӯъ мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ            سورة الأنعام: ١٤١ 

«Ва исроф макунед, зеро ки Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад».   (Сураи Анъом: 141).

Сарчашма: Фатвои Шайх Ибни Усаймин, аз китоби "Фатово исломия" ҷилди 3, саҳифаи 205.