Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар мард бо телефон ба занаш бигӯяд: "Ту талоқ" ё "Ман туро талоқ додам" як талоқ воқеъ мешавад, ҳамон тавре ки онро дар ҳузури зан бигӯяд ё дар ҳангоми ғоиб будани ӯ бидуни истифодаи телефон бигӯяд.
Ҳамин тавр, агар дар телефони мобилӣ ҳамсарашро хитоб намуда паёме нависад, ки ӯро талоқ додааст ва ё ба каси дигаре бигӯяд, ки занашро талоқ додааст ва нияти талоқ дошт, пас бо ин ҳам талоқ воқеъ мешавад.
Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (72291) руҷӯъ карда шавад.
Аллоҳ донотар аст.