Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Талоқ аз тариқи телефон

148520

Таърихи нашр : 14-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1651

Савол

 

Агар мард аз тариқи телефони мобилӣ ё паёмаки телефон занашро талоқ бидиҳад, оё ӯ талоқ мешавад ё не? Назари шумо дар ин бора чист?

 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар мард бо телефон ба занаш бигӯяд: "Ту талоқ" ё "Ман туро талоқ додам" як талоқ воқеъ мешавад, ҳамон тавре ки онро дар ҳузури зан бигӯяд ё дар ҳангоми ғоиб будани ӯ бидуни истифодаи телефон бигӯяд.
Ҳамин тавр, агар дар телефони мобилӣ ҳамсарашро хитоб намуда паёме нависад, ки ӯро талоқ додааст ва ё ба каси дигаре бигӯяд, ки занашро талоқ додааст ва нияти талоқ дошт, пас бо ин ҳам талоқ воқеъ мешавад.
Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (72291) руҷӯъ карда шавад.

 Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб