Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Истифода намудани марҳам барои бартараф намудани хушкии лабҳо барои рӯзадор чӣ ҳукм дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Ҳеҷ боке нест, ки инсон лабу бинияшро бо марҳам ё чизи дигар намнок созад ва ё онро бо об, матои тар ва амсоли он тар кунад. Аммо бояд эҳтиёт кард, ки заррае аз он чизҳое, ки барои бартарафсозии хушкии лабу бинӣ истифода бурдааст, ба шикам ворид нашавад, вале агар бидуни қасд ва беихтиёр ворид шавад, ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб нест. Ҳамчуноне ки агар мазмаза кунад ва бидуни қасд об ба шикамаш ворид шавад, рӯзааш намешиканад". Поёни сухан.