Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Истифода бурдани креми намкунандаи лаб барои рӯзадор

Савол

Истифода намудани марҳам барои бартараф намудани хушкии лабҳо барои рӯзадор чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳеҷ боке нест, ки инсон лабу бинияшро бо марҳам ё чизи дигар намнок созад ва ё онро бо об, матои тар ва амсоли он тар кунад. Аммо бояд эҳтиёт кард, ки заррае аз он чизҳое, ки барои бартарафсозии хушкии лабу бинӣ истифода бурдааст, ба шикам ворид нашавад, вале агар бидуни қасд ва беихтиёр ворид шавад, ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб нест. Ҳамчуноне ки агар мазмаза кунад ва бидуни қасд об ба шикамаш ворид шавад, рӯзааш намешиканад". Поёни сухан.

Сарчашма: "Фатово"-и Ибни Усаймин: (19/224)