Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳангоме ки зан Қуръон бихонад ва ба ояти саҷда бирасад, чӣ кор мекунад? Оё бе сарпӯш саҷда менамояд ё чӣ кор мекунад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои зан беҳтар аст, ки ҳар гоҳ ба ояти саҷда гузар кунад, сари худро пӯшида саҷда бикунад. Аммо агар саҷдаи тиловатро бе ҳиҷоб анҷом бидиҳад, умедворем, ки дар ин амал ҳеҷ боке нест, зеро саҷдаи тиловат зери ҳукми намоз қарор намегирад (яъне аҳкоми саҷдаи тиловат, мисли аҳкоми намоз намебошад), балки ин фурӯтанию хушӯъ ва тақаррубу наздикшавӣ ба Аллоҳ таъоло аст, ба монанди дигар зикрҳову амалҳои нек.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.