Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё дар ҳангоми саҷдаи тиловат ҳиҷоб бар зан воҷиб аст?

4908

Таърихи нашр : 02-08-2021

Мушоҳидаҳо : 2546

Савол

Ҳангоме ки зан Қуръон бихонад ва ба ояти саҷда бирасад, чӣ кор мекунад? Оё бе сарпӯш саҷда менамояд ё чӣ кор мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои зан беҳтар аст, ки ҳар гоҳ ба ояти саҷда гузар кунад, сари худро пӯшида саҷда бикунад. Аммо агар саҷдаи тиловатро бе ҳиҷоб анҷом бидиҳад, умедворем, ки дар ин амал ҳеҷ боке нест, зеро саҷдаи тиловат зери ҳукми намоз қарор намегирад (яъне аҳкоми саҷдаи тиловат, мисли аҳкоми намоз намебошад), балки ин фурӯтанию хушӯъ ва тақаррубу наздикшавӣ ба Аллоҳ таъоло аст, ба монанди дигар зикрҳову амалҳои нек.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто: 7/263.