Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Қироати Қуръон дар вақти кор

07-12-2022

Савол 9374

Ман корманд ҳастам ва дар ҷои кор дар вақтҳои холӣ Қуръон мехонам, вале раис маро аз ин кор манъ карда гуфт, ки ин вақти кор аст, на вақти қироати Қуръон. Ҳукми ин чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар кор надошта бошед, пас дар ин ҳолат, Қуръон хондан ва ҳамчунин тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳлил (ло илоҳа иллаллоҳ) гуфтан ва зикр кардан ҳеҷ ишколе надорад. Ин (амалҳо) аз хомӯш истодан беҳтар аст. Аммо агар қироати Қуръон шуморо аз анҷоми коре, ки марбут ба коратон аст, боздорад, пас дар ин ҳолат, ин амал бароятон ҷоиз нест, зеро ин вақт махсус барои кор ҷудо карда шудааст, аз ин рӯ, бароятон ҷоиз нест, ки бо амале машғул бошед, ки шуморо аз анҷоми коратон боздорад.

Аҳкоми кору касб
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб