Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Хидматгорзани кофирро бо худ овардан ва ӯро ба ҳарам ворид сохтан чӣ ҳукм дорад? Агар шахс бо ҳамроҳии хидматгорзани кофир биёяд, чӣ бояд кард?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Чӣ гуна ӯ зани кофиреро ба Масҷиду-л-ҳаром мебарад, дар ҳоле ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَذَا التوبة/28
«Пас, баъд аз ин сол набояд ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд». (Сураи Тавба: 28).
Ин амал бар ӯ ҳаром аст ва агар фикр кунад, ки ӯ ба ин чиз маҷбур шудааст, ба ӯ мегӯяд: Мусулмон шав. Агар ӯ мусулмон шавад, ин ҳамон чизи талабшуда аст. Агар ӯ мусулмон нашавад, бояд бо ӯ бимонад ва ё ӯро ба сӯи хонаводааш бифиристад.
Аммо дар мавриди бо худ овардани хидматгорзани кофир ба Макка, ин амал ҷоиз нест. Аввал: Ин амал нофармонӣ ба Аллоҳ таъоло аст. Дуввум: Ин амал беэҳтиромӣ нисбати ҳарам мебошад. Бинобар ин, ӯ ва хидматгорзани кофир бармегарданд ва ё ин ки ӯро ба кишвараш мефиристад". Поёни сухан.
"Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин (23/433).
Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (2192) нигаред.
Аллоҳ донотар аст.