Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Хидматгорзани кофирро ба ҳарам бурдан ҷоиз нест

109184

Таърихи нашр : 29-06-2021

Мушоҳидаҳо : 1488

Савол

Хидматгорзани кофирро бо худ овардан ва ӯро ба ҳарам ворид сохтан чӣ ҳукм дорад? Агар шахс бо ҳамроҳии хидматгорзани кофир биёяд, чӣ бояд кард?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Чӣ гуна ӯ зани кофиреро ба Масҷиду-л-ҳаром мебарад, дар ҳоле ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَذَا التوبة/28

«Пас, баъд аз ин сол набояд ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд».   (Сураи Тавба: 28).

Ин амал бар ӯ ҳаром аст ва агар фикр кунад, ки ӯ ба ин чиз маҷбур шудааст, ба ӯ мегӯяд: Мусулмон шав. Агар ӯ мусулмон шавад, ин ҳамон чизи талабшуда аст. Агар ӯ мусулмон нашавад, бояд бо ӯ бимонад ва ё ӯро ба сӯи хонаводааш бифиристад.

Аммо дар мавриди бо худ овардани хидматгорзани кофир ба Макка, ин амал ҷоиз нест. Аввал: Ин амал нофармонӣ ба Аллоҳ таъоло аст. Дуввум: Ин амал беэҳтиромӣ нисбати ҳарам мебошад. Бинобар ин, ӯ ва хидматгорзани кофир бармегарданд ва ё ин ки ӯро ба кишвараш мефиристад". Поёни сухан.

"Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин (23/433).

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (2192) нигаред.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб