Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё салом додан ба муаллими ғайримусулмон дар синф ё берун аз синф ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд:
«Ба яҳудиёну насоро аввал салом накунед». Ривояти Муслим, китоби салом.
Яҳудиён аз назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегузаштанд ва мегуфтанд: "Ассому алайкум".
Маънои "Ассом" марг аст. (Яъне марг бар шумо). Пас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур дод, ки (ба онҳо) бигӯем: "Ва алайкум". (Ва ба шумо ҳам). Ривояти Бухорӣ, китоби одоб ва Муслим, китоби салом.
Ту аввал ба ӯ салом макун, вале агар салом бидиҳад ва аввал ӯ салом бикунад, ба ӯ посух бидеҳ: "Ва алайкум". (Ва ба шумо ҳам).
Аммо Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Аҳкому аҳли-з-зимма" зикр кардааст, ки агар аниқ бидонем, ки кофир "Ассалому алайкум" (салом бар шумо) гуфтааст, пас мо метавонем бигӯем: "Ва алайкуму-с-салом". (Ва ба шумо ҳам салом).