Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми салом додан ба муаллими ғайримусулмон

11559

Таърихи нашр : 30-10-2023

Мушоҳидаҳо : 915

Савол

Оё салом додан ба муаллими ғайримусулмон дар синф ё берун аз синф ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд:

«Ба яҳудиёну насоро аввал салом накунед».   Ривояти Муслим, китоби салом.

Яҳудиён аз назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегузаштанд ва мегуфтанд: "Ассому алайкум".

Маънои "Ассом" марг аст. (Яъне марг бар шумо). Пас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур дод, ки (ба онҳо) бигӯем: "Ва алайкум". (Ва ба шумо ҳам).   Ривояти Бухорӣ, китоби одоб ва Муслим, китоби салом.

Ту аввал ба ӯ салом макун, вале агар салом бидиҳад ва аввал ӯ салом бикунад, ба ӯ посух бидеҳ: "Ва алайкум". (Ва ба шумо ҳам).

Аммо Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Аҳкому аҳли-з-зимма" зикр кардааст, ки агар аниқ бидонем, ки кофир "Ассалому алайкум" (салом бар шумо) гуфтааст, пас мо метавонем бигӯем: "Ва алайкуму-с-салом". (Ва ба шумо ҳам салом).

Сарчашма: Аз фатовои Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин, китоби илм, саҳифаи 154, 155