Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми "Язан" ном гузоштан

28-02-2021

Савол 122042

Фарзанди аввалинам ба дунё омад ва ӯро Язан ном гузоштам. Баъзе аз дӯстон маро барои интихоби ин ном танқиду маломат карданд. Лутфан таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ман ҳанӯз номро ба қайд нагирифтаам. Фикри шумо дар мавриди ин ном чист? Лутфан номеро ба ман пешниҳод кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар гузоштани номи Язан ҳеҷ ҳараҷе нест, зеро дар шариат ягон далеле вуҷуд надорад, ки онро манъ кунад. Язан номи водии Яман аст.

Дар китоби "Ал-Қомусу-л-муҳит" омадааст:

"Язан водиест, ки номи аслии он Язъан аст. Инчунин номи қабилае аз Ҳамир аст. Зу Язан шоҳи Ҳамир буд, зеро ӯ он водиро муҳофизат мекард".   Поёни сухан бо ихтисор.

Аз ин хотир, ин номи водӣ ва номи як қабилае аз Ҳамир мебошад.

Беҳтар аст, ки ба навзод Абдуллоҳ ё Абдурраҳмон ё Аҳмад ё Муҳаммад ё номи яке аз саҳобагон ё номе, ки маънои хуб дорад, гузорӣ. Ин аз гузоштани номи водӣ беҳтар аст.

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (7180) нигаред.

   Аллоҳ донотар аст.

Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб