Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Одоби номгузории фарзандон

Савол

Мехоҳам ба писарам ном гузорам, одоби шаръӣ дар он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бешак масъалаи номҳо аз масоили муҳимест дар ҳаёти мардум. Зеро ном унвони шахс ва нишона ва барои муошарат бо ӯ як чизи зарурӣ аст. Ном зинати шахс ва нишонаест, ки бо он дар охират ва дунё даъват карда мешавад. Ишораест ба дини ӯ ва ин ки ӯ аз пайравони ин дин аст. Ном дар назди мардум мартабаҳо ва нишонаҳои худро дорад. Ном дар назди онон ба монанди либосест, ки агар кӯтоҳ бошад, зишт аст ва агар дароз бошад, низ зишт аст.

Асос дар номҳо ин аст, ки он мубоҳ ва ҷоиз мебошад. Ҷуз ин ки баъзе аз мамнӯиятҳои шаръие вуҷуд дорад, ки бояд ҳангоми интихоби номҳо аз он дурӣ кард:

- Бандагӣ барои ғайри Аллоҳ таъоло, хоҳ он паёмбари мурсал бошад, ё фариштаи муқарраб. Бандагӣ барои ғайри Аллоҳ таъоло аслан ҷоиз нест. Номҳое, ки барои ғайри Аллоҳ бандагиро ифода мекунад, Абдуррасул, Абдуннабӣ, Абдуламир ва дигар номҳое, ки барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагӣ ва хориро ифода намояд. Касе, ки чунин ном дошта бошад, ё хонаводааш ба ӯ чунин номеро гузошта бошанд, бояд онро тағйир бидиҳад. Саҳобаи бузург Абдурраҳмон ибни Авф (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: Номи ман Абдуамр – дар ривояте Абдулкаъба – буд, ҳангоме ки мусулмон шудам, расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) маро Абдурраҳмон ном гузошт.   Ривояти Ҳоким (3/306). Заҳабӣ бо он мувофақат кардааст.      

- Номгузорӣ бо номе аз номҳои Аллоҳ таъоло, ки онро хосси худ донистааст. Монанди он, ки касе Холиқ ё Рабб ё Раҳмон ва монанди ин номҳоеро гузорад, ки он номи хосси Аллоҳ таъоло бошад. Ё номе, ки васфи он ба ғайри Аллоҳ таъоло лоиқ набошад, мисли Маликулмулук (шоҳаншоҳ), Қоҳир ва монанди он. Номгузорӣ бо ингуна номҳо ҳаром ва тағйири он воҷиб мебошад. 

Аллоҳ таъоло мефармояд:

 هَلْ تَعْلَمُ لَهُ سَمِيًّا

مريم:65 

"Оё ҳамноме барои Ӯ мешиносӣ?".   (Сураи Марям: 65).

- Номгузорӣ бо номҳои махсуси кофирон, ки танҳо ба онҳо ишора кунад, на ба ғайни онҳо. Мисли Абдулмасеҳ (бандаи Масеҳ), Пётр, Ҷорҷ ва ба монанди он номҳое, ки бар миллати куфр далолат кунад.

- Номгузорӣ бо номҳои бутон, ё тоғутоне, ки ба ҷои Аллоҳ парастида мешаванд, мисли шайтон номгузорӣ кардан ва монанди он.

Ҳамаи номҳое, ки зикр шуд, номгузорӣ бо он ҷоиз нест, балки номгузорӣ бо он ҳаром аст. Касе, ки чунин ном дошта бошад, ё дигарон ба ӯ чунин номеро гузоштаанд, бояд онро тағйир бидиҳад.

- Номгузорӣ бо номҳое, ки аз маънои он дилҳо нафрат мекунад, маънои зишту бад дорад, ё масхараомез аст, макрӯҳ аст. Чунки он мухолифи роҳу равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки ба номҳои некӯ ниҳодан амр намудааст. Мисоли он номи Ҳарб, Рашош ва Ҳиём, ки номи бемории шутурон аст ва ба монанди он номҳое, ки маънои бад ва ғайри нек дорад.

- Номгузорӣ бо номҳое, ки маънои шаҳвонӣ доранд, макрӯҳ аст. Чунин номҳо дар байни духтарон зиёд аст. Монанди баъзе номҳое, ки дорои сифатони ҷинсӣ ё шаҳвонӣ аст.

- Номҳои фосиқон, мисли мардону занони сароянда ва мардону занони ҳунарпеша ва монанди ононро қасдан ба фарзандон гузоштан макрӯҳ аст. Агар онҳо номҳои некӯ дошта бошанд, ба он номҳо номгузорӣ ҷоиз аст, ба хотири маънои неки он, на ба хотири монандӣ ё тақлид ба онҳо.

- Номгузорӣ бо номҳое, ки он номҳо гуноҳу таҷовузро маънидод кунанд, мисли Сориқ (дузд), Золим, ё номгузорӣ бо номҳои фиравнҳо ва гунаҳкорон, мисли Фиръавн, Ҳомон, Қорун макрӯҳ аст.

- Номгузорӣ бо номҳои ҳайвоноте, ки бо сифатони бад машҳуранд, мисли Ҳимор (хар), Калб (саг), Қирд (маймун) ва монанди он макрӯҳ аст.

- Номгузорӣ бо ҳар номе, ки ба дин ё ислом изофа карда шавад, мисли Нуруддин, Шамсуддин ва инчунин Нурулислом, Шамсулислом макрӯҳ аст. Чунки дар он ситоиши болотар аз ҳаққи шахс вуҷуд дорад. Донишмандони ниёгон ба ин лақабҳо лақаб шуданашонро намеписандиданд. Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) бо лақаби Муҳйиюддин лақаб шуданашро намеписандид. Инчунин шайхулислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) бо лақаби Тақийюддин лақаб шуданашро намеписандид ва мегуфт: Хонаводаам ин лақабро ба ман гузоштанд ва машҳур шуд.

- Ҳар номе, ки ба номи Аллоҳ таъоло изофа карда шавад, ба ғайри Абдуллоҳ, ба монанди Ҳасабуллоҳ, Раҳматуллоҳ ва монанди он ва инчунин ҳар номе, ки ба лафзи Расул изофа карда шавад, макрӯҳ аст.

- Номгузорӣ бо номҳои фариштагон ва инчунин бо номҳои сураҳои Қуръон, мисли Тоҳо, Ёсин ва монанди он макрӯҳ аст. Ин номҳо ал-ҳуруфу-л-муқаттаъа (ҳарфҳое, ки дар ибтидои баъзе аз сураҳои Қуръон омадааст) мебошанд ва аз номҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намебошанд.   Нигар ба "Туҳфату-л-мавлуд"-и Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) саҳ: 109.

Ин номҳои макрӯҳ. Номгузорӣ ба ин номҳо макрӯҳ аст. Аммо касе, ки хонаводааш ингуна номҳоро ба ӯ гузоштаанд ва ӯ бузург шудааст ва тағйир додани он душвор аст. Бар ӯ воҷиб нест, ки номашро иваз кунад.

   Номҳои некӯ чаҳор мартаба мебошад:

Мартабаи аввал: Номи Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон. Зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе ворид шудааст, ки мефармояд: "Маҳбубтарин номҳо дар назди Аллоҳ таъоло Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст".   Муслим ин ҳадисро дар "Саҳиҳ"-и худ 1398 ривоят кардааст.

Мартабаи дуввум: Номҳои дигаре, ки ба Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад, мисли Абдулазиз, Абдурраҳим, Абдулмалик, Абдулилоҳ, Абдуссалом ва дигар номҳое, ки ба Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад.

Мартабаи саввум. Номҳои паёмбарону расулон (дуруду паёми Аллоҳ бар онҳо бод). Бешак беҳтарин ва афзалтарин ва сарвари онҳо паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки Аҳмад низ яке аз номҳои дигари ӯст. Сипас паёмбарони улулазм, яъне Иброҳим, Мӯсо, Исо, Нуҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар онҳо бод) сипас дигар паёмбарону расулон (дурудҳову паёми Аллоҳ бар ҳамаи онҳо бод).

Мартабаи чаҳорум: Номҳои бандагони солеҳи Аллоҳ. Беҳтарини онҳо саҳобагони паёмбарамон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошанд. Аз рӯи пайравӣ ба онон ва ба умеди болошавии дараҷот, ба номҳои некӯи онҳо номгузорӣ кардан мустаҳаб аст.

Мартабаи панҷум: Ҳар номи неке, ки маънои дуруст ва зебое дошта бошад.

Баъзе умуре, ки дар ҳангоми номгузории фарзандон риоя карда шавад:

1. Бояд бидонем, ки ин ном дар тӯли ҳаёт бо ӯ хоҳад буд. Мумкин аст боиси дилтангӣ ва нороҳатии ӯ шавад ва ин сабаб мешавад, ки ба падар ё модари худ ё касе, ки ин номро ба ӯ гузоштааст, гумони баде пайдо кунад. 

2. Ҳангоми баррасии номҳо барои интихоби яке аз онҳо, сазовор аст, ки ба ҳама паҳлӯи он назар кунад. Ба моҳияти ном назар бикунад ва инчунин назар намояд, ки ин ном дар даврони кӯдакиву ҷавонӣ ва пиронсоливу падарии ӯ муносиб аст. Инчунин ба муносиб будани ин ном барои куния ва ҳамоҳангии он бо номи падар назар бикунад. Ва монанди инҳо.

3. Номгузорӣ ҳаққи падар аст. Чунки фарзанд ба ӯ нисбат дода мешавад. Вале бар падар мустаҳаб аст, ки модарро дар интихоби ном шарик созад ва барои хушнудии ӯ, фикри ӯро агар некӯ бошад, ба назар бигирад.

4. Бояд фарзанд ба падари худ нисбат дода шавад, гарчанде ки падар вафот карда бошад, ё аз модар ҷудо шуда бошад. Ва монанди инҳо. Гарчанде ки ба фарзанд аҳмият надода бошад ва ӯро тамоман надида бошад. Нисбат додани фарзанд ба ғайри падари худ мутлақан ҳаром аст, ба ҷуз дар як ҳолат, ки фарзанд аз зино таваллуд шуда бошад, паноҳ ба Аллоҳ. Дар ин ҳолат ба модараш нисбат дода мешавад. Ба падар нисбат додани ӯ ҷоиз нест ..

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид