Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Танҳо мондани шайх бо зани бегона барои хондани руқия ҷоиз нест

06-11-2021

Савол 21599

Ҳукми рафтан ба назди марде, ки бо номи шайх (мулло) маъруф аст ва (мардумро) бо Қуръон табобат мекунад, чист? Аммо ӯ вақте ки бар занон руқия мехонад, бо ҳар яки онҳо танҳо мемонад ва агар вазъияти зан тақозо намояд, ӯро якчанд рӯз дар хонааш нигаҳ медорад. Ман аз ҷумлаи ин занон будам, аммо ман хеле зиёд пушаймон шудам ва аз Аллоҳ омурзиш талабидам ва ба сӯи Ӯ тавба намудам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Танҳо мондани мард бо зани бегона ҳаром аст, ҳатто агар ин ба хотири бо Қуръон руқия хондан бошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Набояд мард бо зане танҳо бимонад, чун саввумини онҳо шайтон аст».

Шабгузаронии шумо дар хонаи он марди бегона, истиқомат кардани шумо якчанд шабонарӯз дар хонаи он мард назди ӯ ва хилват мондани шумо бо ӯ аз танҳо мондани марди бегона бо шумо хатару гуноҳи бештар дорад, зеро он яке аз василаҳои шарру фасод ба ҳисоб меравад.

Ҳар зани мусулмоне, ки чунин кореро анҷом додааст, бояд аз он гуноҳ самимона тавба намояд ва ба чунин амали бад базнагардад.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Маҳрамҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб