Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Рӯза гирифтан бо нияти қазо ва нафлӣ

03-03-2023

Савол 34564

Оё рӯзаи нафлӣ бо ду ният, нияти қазои рӯзаи Рамазон ва нияти рӯзаи суннат ҷоиз аст? Ҳукми рӯза гирифтан барои мусофир ва бемор чист, агар ба рӯза доштан қодир бошанд? Пас оё (дар ин ҳолат) рӯза аз онҳо пазируфта мешавад ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯзаи нафлӣ бо ду ният, нияти қазо ва нияти рӯзаи суннат ҷоиз нест.

Барои мусофири сафари қаср беҳтар аст, ки рӯза нагирад, вале агар рӯза бигирад, кифоя аст (ва рӯза аз зиммааш соқит мешавад). Барои касе, ки ба сабаби беморӣ рӯза гирифтан барояш бисёр машаққатовар аст, беҳтар аст, ки рӯза нагирад. Агар бидонад ва ё гумони зиёд дошта бошад, ки бо сабаби рӯза ба ӯ зараре мерасад ва ё ба ҳалокат мерасад, пас дар ин ҳолат, ба хотири бартараф намудани машаққату зарар, бояд ифтор бикунад (яъне бояд рӯзаашро бихӯрад). Бар ҳар як аз мусофир ва бемор воҷиб аст, ки рӯзҳоеро, ки дар Рамазон хӯрдааст, дар рӯзҳои дигар қазои онро баҷо оварад, вале агар бо вуҷуди машаққат рӯза бигирад, рӯзааш кофӣ ва дуруст аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Қазои рӯза
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб