Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Рӯзаи нафлӣ бо ду ният, нияти қазо ва нияти рӯзаи суннат ҷоиз нест.
Барои мусофири сафари қаср беҳтар аст, ки рӯза нагирад, вале агар рӯза бигирад, кифоя аст (ва рӯза аз зиммааш соқит мешавад). Барои касе, ки ба сабаби беморӣ рӯза гирифтан барояш бисёр машаққатовар аст, беҳтар аст, ки рӯза нагирад. Агар бидонад ва ё гумони зиёд дошта бошад, ки бо сабаби рӯза ба ӯ зараре мерасад ва ё ба ҳалокат мерасад, пас дар ин ҳолат, ба хотири бартараф намудани машаққату зарар, бояд ифтор бикунад (яъне бояд рӯзаашро бихӯрад). Бар ҳар як аз мусофир ва бемор воҷиб аст, ки рӯзҳоеро, ки дар Рамазон хӯрдааст, дар рӯзҳои дигар қазои онро баҷо оварад, вале агар бо вуҷуди машаққат рӯза бигирад, рӯзааш кофӣ ва дуруст аст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.