Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё ӯ номи ҳамсараш "Соҳира"-ро иваз намояд?

16-12-2020

Савол 6620

Ман ба наздикӣ издивоҷ кардам. Номи ҳамсарам "Соҳира" аст.

Маънои калимаи "Соҳира" чист? Агар маънои он бад бошад, пас бояд онро иваз кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Сеҳр: Иборае аз азимаҳо (афсун, дам андохтан) ва таъвизот ва гиреҳҳоест, ки ба қалбҳову баданҳо таъсир мерасонад ва бемор менамояд ва ба қатл мерасонад ва зану шавҳарро аз ҳам ҷудо месозад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ              البقرة: 102

"Ва мардум аз он ду сеҳреро меомӯхтанд, ки бо сабаби он дар миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ меафкананд".   (Сураи Бақара: 102).

Сеҳр амали шайтонӣ аст, ки бештари он танҳо ба воситаи ширк ва наздик шудан ба шайтонҳо тавассути корҳое, ки онҳо дӯст медоранд, ба даст меояд.

Соҳир (сеҳркунанда, ҷодугар): Касест, ки ин амалро (яъне сеҳру ҷодуро) анҷом медиҳад.

Соҳира (зани сеҳркунанда, ҷодугарзан):  Занест, ки ин амалро (яъне сеҳру ҷодуро) анҷом медиҳад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمِن شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ       الفلق/4

"Ва аз шарри заноне, ки дар гиреҳҳо медаманд". Инҳо занони сеҳргару ҷодугар мебошанд.

Сеҳр яке аз гуноҳони бузург мебошад.   

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلا يُفْلِحُ السَّاحِرُ حَيْثُ أَتَى      طه: 69

"Ва сеҳргар (ҷодугар) ҳар ҷо ки равад, пирӯз намешавад".   (Сураи Тоҳо: 69).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Аз ҳафт гуноҳи ҳалоккунанда дурӣ варзед . . . сеҳру ҷоду ... ".   Ривояти Бухорӣ (2767) ва Муслим (89).

Калимаи сеҳр гоҳе барои чизҳои мубоҳу ҷоиз, мисли фасоҳату равшанбаёние, ки ақлу ҳушро мебарад, истифода мешавад. Чуноне, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Ҳамоно баъзе аз гуфторҳо сеҳромез аст".

Ба ҳар ҳол, беҳтар аст, ки ин номро иваз намояд. Аз номҳое, ки маънои нодуруст доранд, ё боиси мушкиливу бӯҳтон шавад, бояд дурӣ ҷуст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) номҳои бадро ба номи некӯ иваз мекард.

Нигаред ба саволи рақами (14622) Оё номро иваз кардан агар маънои он хуб набошад, воҷиб аст?

Ибни Умар гуфт: Яке аз духтарони Умар Ъосия [عاصية] (нофармон) ном дошт. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро Ҷамила (зебо) ном ниҳод.   Ривояти Муслим (2139).

Номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, чуноне ки мегӯянд, ҳар як инсон аз номи худ насибе дорад. Аз ин хотир, инсон бояд номҳои неки хушмаъноеро интихоб намояд. Чуноне, ки мегӯянд:

Хеле кам чашмонат соҳиби лақабро мебинад, магар ин ки агар дар лақаби ӯ андеша намоӣ, маънои онро меёбӣ.

   Аллоҳ донотар аст.

Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб